МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 22-ЮМИН СОЛГАРДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХИ
Ҳамасола 27 – уми июн рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилии мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи мову Шумо бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ бирасем, онро эҳтиром кунем, аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо муҳофизат намоем.
Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ёдовар шуда, чунин даъват намудаанд, ки «вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қимати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».
Зеро Ваҳдати миллӣ дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ва кӯшишҳои бешумор ба даст омадааст. Дар натиҷаи ҷанги гражданӣ хуни бегуноҳон рехт, хонаи ободи ҳамватанони мо вайрон шуд, ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим монданд. Оқибати ин фоҷиаи бузурги миллӣ хеле даҳшатнок аст. Маҳз Ваҳдат буд, ки ба ин саҳифаи сиёҳи таърихи миллат хотима гузошт ва мардуми тоҷикро ба зиндагии осоишта ва рӯзгори хушу хурсанд расонид.
Имрӯз дар фазои Ваҳдати миллӣ барои пешрафту тарақиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шароити мусоид фароҳам аст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани дараҷаи иқтисодиёти кишварамон ва бо ин роҳ беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат чораҳои зарурӣ меандешад.
Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани пояҳои Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузорад.
Аз шарофати истиқлолияти давлатӣ ва баракати Ваҳдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми намоёнро дорост.
Фазои Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти давлату миллат пояҳои истиқлолияти давлатии моро мустаҳкамтар сохта, нерӯи маънавӣ ва қобилияти зеҳнии аҳли ҷомеаро ба сӯи созандагӣ ва бунёдкорӣ барои таккон бахшидани суръати рушду инкишофи миллӣ дар марҳилаи сифатан нав сафарбар кард. Ваҳдат, ки ғоя ё худ андешаи наҷотбахшу ояндасози миллии мост, минбаъд низ ҳамчун шиори муттаҳидкунанда, маромномаи ободгароёнаи мардуми худшиносу ватанпарварамон метавонад кишвари азизамонро ба самти фардои боз ҳам ободу дурахшон раҳнамоиву ҳидоят намояд.
Ҳамкасбон ва ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни бузурги давлатӣ 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва наҷоти миллат табрик гуфта, барояшон бахту саодат, муваффақият, хушбахтӣ, саломатӣ ва хонаи ободро таманно менамоем.