МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 27 – УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубамон 27 – солгарди ин муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқиро истиқбол мегирем.

Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамкорони азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо баракату осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва суботу оромӣ орзу менамоям.

Ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ муяссар гардид,ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардад, ки онҳо дар пойдории рукнҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳокимияти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва тақвияти раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд замина ва зербинои мустаҳкам гузоштааст.

Аз ҷумлаи ин дастовардҳои пурарзиши қабули аввалин Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад, ки бо талошу саҳмгузории бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амали гардид.

Пешвои муаззами миллат аҳамияти таърихии ин санади тақдирсозро дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, чунин баён намуданд:

“Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид”.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифӣ намуда, барои дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ рушд намудани ҳаёти ҷамъиятӣ имконият фароҳам овард. Аз ин ҷиҳат, мувофиқи таҳлили коршиносони созмонхои байналхалкӣ он ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи конститутсияҳои беҳтарини дунё эътироф гардидааст.

Дар асоси назарияи ҳуқуқи конститутсионӣ Конститутсия – шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, дар номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он дарҷ карда мешавад, ки эътибору ҷойгоҳ ва қувваи олии ҳуқуқӣ дорад.

Эҳтиром гузоштан ба арзиши Конститутсия дарак аз фазилати баланди инсонӣ дода, нишонаи равшани садоқатмандӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси баланди соҳибдавлативу ифтихори ватандорӣ ба шумор рафта, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии фард дар он зоҳир мегардад.

Бо муҳим шуморидани ин нуқта Пешвои муаззами миллат ба кулли мо – ҳамватанон чунин таъкид намуданд:

«Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.»

Фаъолият ва мақоми ҳокимияти судӣ низ дар Конститутсия мақоми хос дорад.

Чунин муқаррароти сатҳи олии ҳуқуқӣ имкон фароҳам овард, ки судҳо дар иҷрои ӯҳдадориҳояшон дар самти таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар асоси талаботҳои қонунҳои танзимкунанда амал намоянд.

Соҳибдавлативу соҳибватании мо аз файзи истиқлол ва асосноккунии ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, бо шарофати мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такомул пайдо намуда, роҳи тараққиёти устувор ва рушди бомаром ба самти ободкориҳои бештар танҳо бо қувват бахшидани раванди муттаҳидиву ҳамбастагӣ миллати мор обо ҳам пирӯзу комёб нигоҳ хоҳад дошт.

Шумо – ҳозирини арҷмандро бори дигар бо 27 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, беҳтарин таманниёти идона, иқболи накувӯ хушбахтии бардавом ва пешрафту саодатмандиро бароятон сидқан орзумандам.

Сарбаланду хонаобод бошед!

 

Раиси суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

РУШАНЗОДА СУҲРОБ РУШАН