МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30 – ЮМИН СОЛГАРДИ ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд, ки мову шумо имрӯз дар фазои сулҳу амният ва осоишу оромӣ бо ҳисси ифтихори баланду сарфарозӣ 30 – юмин солгарди онро таҷлил менамоем.

Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамкорони азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақом ва ҷойгоҳи истиқлолият чунин зикр намудаанд:

«Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад.

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

Ҳарчанд аз умри истиқлоли Ватани мо 30 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, лек дар ин марҳилаи кӯтоҳи вақт аз нигоҳи давлатсозӣ корҳои зиёди назаррас ба иҷро расид, ки воқеан ҳам шоистаи ифтихор ва қадрдонист.

Бузургтарин дастовардҳои замони истиқлолияти давлатиро, ки аз самараи заҳмати ватандӯстона, ҳатто ба ивази ҷонбозиву садоқатмандӣ ноил гардидем, танҳо донистан кофӣ нест.

Балки бояд шукрона карду қадршинос буд ва бо як ҳиссаи бигзор кӯчаку лек арзанда ҳар нафар дар самти хеш дар зиёд намудани ин дастовардҳои умумимиллӣ саҳмгузорӣ намояд. Муҳиту фазои истиқлолият чунин масъулияти ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандиро тақозо дорад.

Поягузории рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, эҷод ва ташаккули низомии миллии қонунгузорӣ, дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ворид гардидан ба марҳилаи рушди устувор, комёбӣ дар равнақи соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, гузашта аз ин ноил шудан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – расидан ба сулҳу субот ва амнияту ризоияти миллӣ ҳамагӣ комёбиҳову музаффариятҳои даврони истиқлолияти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр мебошанд.

Пояи ҳуқуқии истиқлолияти давлатии ҳар кишвар ба низоми қонунгузории мустаҳкам устувор аст. Зеро соҳибистиқлолии давлат дар баробари ҷанбаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ба асосҳои қавии ҳуқуқӣ – қонунӣ такя менамояд.

Аз ин рӯ, яке аз дастовардҳои арзишманди даврони истиқлолияти давлатиамон ин ташаккули низоми қонунгузории миллӣ ба шумор меравад. Муҳити озоди соҳибихтиёрӣ ва сохтори нави сиёсию давлатдории миллӣ тақозо менамуд, ки маҷмӯи санадҳои қонуние таҳия ва мавриди қабулу амал қарор ёбанд, ки ба талаботи замони истиқлолият созгор бошанд.

Бо ин мақсад ҳанӯз аз солҳои аввали сарварии сиёсӣ ва фаъолияти давлатдории хеш Пешвои муаззами миллат барои ба вуҷуд овардани низоми қонунгузории миллӣ саҳмгузории шоиста намуда, ба ин самти муҳими ҳаёти давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа медоданд. Аз он нигоҳ, ки таъмини пешрафту инкишофи ҳама соҳаву бахшҳои ҷомеа ба заминаҳои қонунӣ ва асосҳои ташкилӣ – ҳуқуқӣ устувор мебошад.

Дар ҳамин доира, бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳз дар замони истиқлолият дар ҳаёти судҳои кишварамон тағйироту пешрафтҳои босуръат рӯй додаанд.

Воқеан ҳам тайи солҳои истиқлолият давлат барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ – техникии фаъолияти судҳо, баланд бардоштани эътибору ҷойгоҳи он тадбирҳои муҳимеро амалӣ намуд. Инчунин заминаҳои меъёрӣ – ҳуқуқии фаъолияти мақомоти судӣ мукаммал гардида, ба санадҳои қонунии танзимкунандаи кори судяҳо тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.

Аз шарофати истиқлолияти давлатӣ ва баракати Ваҳдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дорост.

Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки адолати судӣ ба маънии томаш таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи пойдории мақомоти судии Тоҷикистон падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузорад.

Бо боварӣ метавон зикр намуд, ки кормандони мақомоти судии кишварамон, аз ҷумла Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти хизматии худро дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмину адолати судиву волоияти қонун дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда, садоқатмандона ӯҳдадориҳои вазифавиашонро анҷом медиҳанд.

Инчунин баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши тахассусиашон азму кӯшиши доимӣ намуда, поквиҷдонона саҳми арзандаашонро дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон гузошта, мавқеъ, мақом ва эътибори низоми судии ҷумҳурии соҳибихтиёрамонро боз ҳам баланд хоҳанд бардошт.

Зеро фатҳи зинаҳои навбатӣ, муваффақ шудан ба дастовардҳои тоза дар марҳилаҳои минбаъдаи истиқлолият, ки аз Стратегияи рушди миллиамон то соли 2030 бармеоянд, моро дар пешанд. Бинобар ин, ҳама зодагони ин сарзамин ва соҳибони ин Ватану истиқлоли он вазифадорем, ки бо шиори волотарин арзиши миллӣ шуморидани истиқлолият дар сарзабзию шукуфоии Тоҷикистони азиз пайи кӯшишу талоши доимӣ бошем.

Бо эҳтироми бузург бори дигар Шумоён – ҳамкорони азизро ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз соҳибихтиёрии халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.

Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Саодатманду сарбаланд ва пирӯзу муваффак бошед!

 

Раиси суди ноҳияи

Синои шаҳри Дшунабе

РУШАНЗОДА С.Р.