МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо шарофати истиқлолу озодии Ватанамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо Рӯзи Парчами давлатиро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу вахдат таҷлил менамоем.

Парчами давлатӣ аз нигоҳи аввал як пора матоъ аст, аммо дар ранғҳои он ормонҳои миллат таҷассум ёфтаанд, ки дар ҳама марҳилаҳои муҳими давлатсозӣ партавфишон аст.

Он ҳама дастовардҳои азим, пешрафтҳои бузургу таърихие, ки мо дар 30 — соли соҳибистиқлолӣ ноил гардидем, таҳти сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери партавфишонии Парчами серангаи давлатамон амалӣ гардид.

Чӣ хеле ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ огаҳӣ доранд Сарвари давлат санаи 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод намуданд. Мувофиқи лоиҳа Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани рӯзи 24 ноябр ва ҳамчун рӯзи ид ҷашн гирифтани он дар назар дошта шуда буд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қонуни мазкурро қабул намуд ва рӯзи 19 ноябри ҳамон сол дар Maҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ ва тасдиқ гардид. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Ин се рамзи муқаддас нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон тағиру иловаҳо ворид гардид, ки бар асоси он ба шаҳрвандони кишварамон ҳуқуқи истифодаи Парчам дода шуд. Бо қабули меъёри мазкур шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бо эҳсоси саршори ифтихору сарфарозӣ аз ин рамзи муқаддаси давлатӣ истифодаи ватандӯстона намоянд.

Гузаштагони пурифтихори мо ҳазорсолаҳо зери парчами ваҳдату ягонагӣ ва ҳамандешӣ ватану миллат, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ин лиҳоз, парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

“Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои миллат, вахдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”

Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар даромадгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, иқболи баланд, умед ба ояндаи нек ва сарбаландии миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд талош намоем, ки парчами давлатӣ ҳар фарди банангу номуси кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фарди ватандӯст ҳисси дӯст доштани ин марзу бумро зиёд менамояд, зеро парчами давлатӣ рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмӯъ, ба тамоми арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар мебошад.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра чи дар чорабиниҳои сиёсӣ, чӣ дар анҷуманҳои фарҳангӣ ва чӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз гул-гулшукуфӣ ва пешрафти давлатӣ тоҷикон ва баланд гаштани мақому манзалати он дар арсаи байналхалқӣ башорат медиҳад.

Пас биёед, таҳти партавфишонии Парчами давлатӣ ба сӯи комёбиҳову музаффариятҳои пурарзиш бо ҳамдиливу иттиҳод қадамҳои устувор гузорем.

Бигзор Парчами давлатӣ моро ба сӯи комёбиву бозёфтҳои дигар дар роҳи таҳкими истиқлолият, бақову пойдории вахдати миллӣ ва давлатсозиву соҳибихтиёрӣ раҳнамун бошад.

Рӯзи парчами давлатиро ба Шумо – ҳамкорони азиз табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд.

 

Рӯзи парчами давлатӣ муборак бод.

Саломату сарбаланд бошед.

 

РУШАНЗОДА СУҲРОБ РУШАН

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе