МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамкорони гиромӣ, ҳозирини арҷманд,

Имрӯз дар раванди дигаркуниҳою тараққиёти куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷашни фархундаю муқаддае — Рӯзи Парчами давлатиро истиқбол мегирем.

Чӣ хеле ки ҳамаи Шумо огаҳӣ доред, Пешвои муаззами миллат санаи 3 ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиетонро «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод намуданд.

Ҳамин тавр, аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тачлил карда мешавад.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Зеро агар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 — сентябри соли 1991 эълони истиқлолият намуда бошад, танҳо баъди зиёда аз як сол, дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ соҳиби парчами давлатӣ гардид.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихй ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад»

Дар ҳар давлати озоду соҳибихтиёр парчам чун муқаддасоти миллӣ рамзи соҳибистиқлолй, шукӯҳу шаҳомати давлатдорӣ азизу мӯътабар ҳисоб ёфта, қиммату арзиши бебаҳоеро соҳиб аст.

Инак, ин парчами давлатй дар фазои Тоҷикистон партавафшонӣ намуда, аз истиқдолияти комили давлатдории тоҷикон, нуфузи баланди байналмиллалии он, музаффарияту пешрафтаи халқи он дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ башорат медиҳад.

Халқи тоҷик зери роҳбарии сарвари оқилу хирадманди хеш, таҳти, парфишонии ин парчам дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки на танҳо иқтисодиёти вайрону валангори худро аз нав сохта, ба зиндагии худ маънии тоза диҳад, балки Тоҷикистон таҳти ин парчам аз минбарҳои олӣ садои хешро баланд карда, дар ҳалли бисёр проблемаю масъалаҳои ҳалталаби сиёсии ҷаҳонӣ ташабускорӣ зоҳир менамояд.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра чи дар чорабиниҳои сиёсӣ чӣ дар анҷуманҳои фарҳангӣ ва чӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз гул-гулшукуфӣ ва пешрафти давлати тоҷикон ва баланд гаштани мақому манзалати он дар арсаи байналхалқӣ башорат медиҳад.

Ба қавле агар суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро ҳар ҷо парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон эҳсоси ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи дур ва имрӯзи фирӯзу дардои дурахшони халқ аст.

Дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатй чун рамзи давлатдории навини тоҷикон назди биноҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, назди ташкилотҳои байналхалқии кишвари мо аъзои он буда барафрохта мешавад, ҳангоми ғолибияти варзишгаронамон дар мусобиқаҳои варзишй баланд парафшонй мекунад. Ин ифтихорест, ки бо шарофати Истиқлолият ба мо насиб гаштааст.

Пас биёед, таҳти парфишонии Парчами давлатӣ ба сӯи комёбиҳову музаффариятҳои пурарзиш бо ҳамдиливу иттиҳод қадамҳои устувор гузорем.

Бигзор Парчами давлатй моро ба сӯи комёбиву бозёфтҳои дигар дар роҳи таҳкими истиқлолият, бақову пойдории ваҳдати миллй ва давлатсозиву соҳибихтиёрй раҳнамун бошад.

Рӯзи парчами давлатиро ба Шумо — ҳамкорони азиз табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд.

Рӯзи парчами давлатӣ муборак бод.

Саломату сарбаланд бошед.

Раиси суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе Рушанзода С.Р.