МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 25 – УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 5 ноябри соли 2019 дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 25-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Маҷлисро Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Ҷашни бузурги миллӣ – Рӯзи Конститутсияи давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Конститутсия ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.