МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Дар вуҷуди шаҳрвандони Тоҷикистон бедор намудан ва тақвият бахшидани ҳисси эҳтиромгузорӣ ба муқаддас будани забони давлатӣ ва дар зеҳну шуури онҳо ҷой додани рукни муҳими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб рафтани фарогирии комили забони модарӣ аз ҷумлаи масъулиятҳои пуршараф ва вазифаву уҳдадориҳои ҳатмии ҳар нафар соҳибватан аст. Зеро забон рукни муҳими пойдорӣ ва муқаддастарин арзиши маънавии миллат ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихори бузурги ҳамаи мост, ки 5 октябри соли 2009 бо иқдоми бузург ва ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дода шуд, ки ин амал заминаи мустаҳками қонунӣ ва асоси устувори ҳуқуқиро барои баланд бардоштани мақом ва доираи истифодаи забони миллии мо фароҳам овард.

Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Чунин эътибори баланди конститутсионӣ гувоҳи равшани боло будани мақоми ҳуқуқии забони давлатии мост.

Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи забон таъкид доштанд:

«Имрӯз мову Шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.»

Бо назардошти ин гуфтаи Пешвои миллат дар доираи ислоҳоти судӣ доираи истифодаи забони давлатӣ дар мақомоти судии мамлакат пурра васеъ гардида, тамоми раванди коргузорӣ ҳуҷҷатнигорӣ бо риояи талабот ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст.

Кормандони мақомоти судӣ ҳамчун соҳибони боифтихори забони миллӣ ба покизагии забони давлатӣ эҳтироми доимӣ гузошта, шукри неъмати истиқлолро мекунанд, зеро фазои соҳибихтиёрӣ ба забони тоҷикӣ шукӯҳу эътибори баланд бахшида, нақши онро дар ҳаёти ҷамъиятӣ мустаҳкам ва устувор намуд.

Яке аз зинаҳои муҳими ташаккули эҳсоси муҳаббат ба забони модарӣ ва дарки масъулият дар риояи меъёру қонуниятҳои талаффузу навишти ҳарфу ҳиҷо, калимаву ибора ва ҷумлаҳои он аз омӯзиши мукаммали фарҳанги забони тоҷикӣ ва қойидаҳои имлои он ибтидо мегирад.

Модари тоҷик ва миллати тоҷик дар раванди ҳастии гоҳо пурфоҷиаву гоҳо ифтихорангези хеш бисёре аз дороиҳои хеш, аз ҷумла давлатдориву сарзаминҳоро аз даст дода, лек забонашро гиромӣ дошт, муҳофизат кард, аз насл ба насл бо назокату ғановаташ мерос гузошт ва дар ихтиёри мо соҳибзабони имрӯз қарор дод.

Танҳо вақте, ки сарҷамъии умумӣ байни ниҳодҳои таъсиргузор – оила, мактаб ва ҷомеа пойбарҷост, аз нерӯву тавони маҷуда дар ҷодаи ба камол расонидани насли худогоҳу аз нигоҳи фарогирии забони давлатии худ соҳибмаърифат истифодаи пурсамар сурат мегирад, эътибор ва арзиши забон боз ҳам боло рафта, ҳамрадиф бо он муҳаббат ба ин неъмати маънавии гаронқимат ва воломақом тамоюли афзоянда пайдо хоҳад намуд.

РУШАНЗОДА СУҲРОБ

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе