Масъулияту рисолат дар ҷодаи қонуният ва адолат

устувори ҷомеа ва идораи муназзами давлат бе фаъолияти ҳокимияти судӣ имконнопазир аст. Бо назардошти ин нута, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво ва таҳлиливу воқеъбинонаи хеш дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии мамлакат 21 ноябри соли 2019 зикр намуда буданд, ки “вазифаҳои хокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демо­кратии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун ка фили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад”.

Воқеан ҳам, мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва санадҳои қонунии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин ҷода масъулияти хос ва рисолати муҳимро ба зимма дошта, бо баррасии босалоҳияти парвандаҳои судӣ қонунияту адолатро бо такя ба ҳарфу ҳиҷои қонун таъмин менамоянд.

Маҳз аз ин ҷост, ки эътимоди мардум ба фаъолияти судҳо афзун гардида, ҳамаи баҳсу мушкилоти худро тариқи баррасии судӣ расмият бахшиданианд. Гувоҳи ин гуфта зиёд шудани теъдоди муроҷиати шаҳрвандон ба зинаҳои гуногуни мақомоти судии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар чунин ҳолат шаҳодати баланд рафтани савияи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони киш­вар ба шумор меравад, ки ҳамаи баҳс, нофаҳмӣ ва дигар печидагиҳои зиндагии худро бо роҳи ҳуқуқӣ, тариқи мизони муқарраркардаи қонун ҳаллу фасл карданианд. Чунин ҳол боиси қаноатмандист, зеро он волоияти қонунро, ки аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад, тақвият бахшида, сифатҳи қонунписандӣ ва соҳибҳуқуқиро дар ҷомеа тарғиб ва пойдор менамояд.

Дар ин зимн бояд таъкид намуд, ки бар асоси модцаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Аз ҷумла ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасй намояд. Аз ин рӯ, ин ҳуқуқи ба тариқи конститутсионӣ кафолат додашуда ҳамчун муносибати ҳуқуқие амалӣ мегардад, ки дар як тараф шахси барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояш муроҷиаткарда ва аз тарафи дигар суд, ки ӯхдадор аст, ин муроҷиатро баррасӣ намуда, қарори қонунӣ ва асоснок барорад, баромад мекунад.

Бо дарки масъулияти касбӣ ва рисолати ватандорӣ мо кормандони мақомоти судӣ бояд тамоми азму кӯшиш ва саъю талоши хешро ба он равона намоем, ки дар партави ҳидоятҳои хирадгароёна ва ояндасози Пешвои миллат ӯҳдадориҳои вазифавии хешро ба иҷро расонида, сазовори боварию эътимоди аҳли ҷомеа боқӣ монем. Зеро баррасии босалоҳият ва беғарази парвандаҳо унсури муҳими таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва нигохдории адолати судӣ ба шумор меравад.

Боло бурдани ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амри воқеӣ шуд.

Зимни мулоқоти хеш бо кормандони мақомоти судй Пешвои миллат тазаккур доданд: “Азбаски санадҳои қабулкардаи судҳо аз номи давлат бароварда мешавад, онҳо бояд ба тамоми тапаботи қонунгузорӣ мутобиқат карда, барои барқарор гардидани адолат мусоидат намоянд”.

Ин таъкиди Сарвари давлат низ нишонгари то кадом андоза муҳим ва ҳалкунанда будани нақши судҳо дар баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон зим­ни доир намудани мурофиаҳои судӣ мебошад. Дар идомаи чунин муҳокимарониҳои дурбинонаи хеш Пешвои миллат баён доштанд, ки “судяҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба хатоӣ роҳ диҳанд” ва ин таъкиди як навъ ҳушдорест, ки бояд ба маромномаи касбии судяҳо табдил ёфта, сармашқи кору амалии хизматии онҳо бошад.

Аз он лиҳоз, ки татбиқи адолати судӣ чунин шакли муносибати дуруст ва воқеъбинонаро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, хусусан вақти қабули қарору ҳалномаҳои судӣ тақозо дорад. Баҳри ноил шудан ба дастоварду муваффақият дар ин ҷода кормандони мақомоти судӣ ба таври ҳамешагӣ бояд дар самти боз ҳам беҳтар наму­дани сифати санадҳои судӣ диққати зарурӣ зоҳир карда, ҳамзамон барои такмили таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, донишу маърифати тахассусӣ ҷидду ҷахди доимй дошта бошанд.

Раиси суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.