Нақшаи гузаронидани дарсҳои омӯзиши бо судяҳо вобаста ба бозомӯзии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо, Кодексҳо, санадҳои меъёри – ҳуқуқӣ, таҳлили санадҳои судии бекоршуда бо мақсади пешгирии бекоршавии санадҳои судӣ

«ТАСДИҚ  МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе.

__________ Рушанзода С.Р.

22 апрели соли  2021.

 

НАҚШАИ

Гузаронидани дарсҳои омӯзиши бо судяҳо вобаста ба бозомӯзии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо, Кодексҳо, санадҳои меъёри – ҳуқуқӣ, таҳлили санадҳои судии бекоршуда бо мақсади пешгирии бекоршавии санадҳои судӣ.

Мавзуъ Муҳлати иҷроиш Шахсони масъул
1 Омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 29.04.2021 сол Муовинони Раиси суд

Одиназода М.Ҷ.

Маҳмадзода Х.

2 Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ 11.05.2021 сол Муовини Раиси суд

Маҳмадзода Х.

3 Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва омӯзиши Қонуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 20.05.2021 сол Судяҳо

Раҳмон Д.

Назарзода Н.О.

4 Омӯзиши сабабҳои бекоршавии санадҳои судӣ 31.05.2021 сол ва мунтазам Муовинони Раиси суд Одиназода М.Ҷ.

Маҳмадзода Х.

Судя Сафозода А.

5 Омӯзиши Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.06.2021 сол Судяҳо

Сафарзода А.

Аҳмадзода Ф.

6 Омӯзиши Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.06.2021 сол Муовинони Раиси суд Одиназода М.Ҷ.

Маҳмадзода Х.

7 Омӯзиши Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши Қарори пленуми Суди Олӣ аз 18 декабри соли 2009 таҳти рақами №29 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба татбиқи қонунгузории ҳуқуқ ба мерос» 01.07.2021 сол Судяҳо

Ҳамдамзода А.

Сафозода А.

8 Омӯзиши Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12.07.2021 сол Судяҳо

А.Искандарзод

Юсуфзода З.

9 Омӯзиши Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.07.2021 сол Судяҳо

Сафозода А.

Сайфуллозода Н.

10 Омӯзиши Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.08.2021 сол Судяҳо

Раҳимзода Р.

Бобозода А.

11 Омӯзиши Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 12.08.2021 сол Судяҳо

Абдураҳимзода Д.

Ҳамдамзода А.

12 Омӯзиши Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 16 июни соли 2015 таҳти №72 «Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби судҳо баррасӣ кардани аризаҳо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда» 23.08.2021 сол Муовини якуми Раиси суд Одиназода М.Ҷ. ва судя Шарифзода С.
13 Омӯзиши Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023 ва омӯзиши Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020 – 2024 03.09.2021 сол Судяҳо

Ғулом Б.

Мустафозода Ш.

14 Омӯзиши Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030 ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 23 ноябри соли 2012 таҳти №14 «Дар бораи татбиқи қонунгузорӣ оид ба баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо марбут ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона ба миён меоянд» 13.09.2021 сол Муовини Раиси суд Маҳмадзода Х.

судя Амирзода Т.

15 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 12 декабри соли 2020 таҳти №5 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳое, ки ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо алоқаманд» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 12 декабри соли 2020 таҳти №6 «Дар бораи таҷрибаи судии баррасии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон» 23.09.2021 сол Судяҳо

Бобозода А.

Аҳмадзода Ф.

16 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 12 декабри соли 2020 таҳти №7 «Дар бораи таҷрибаи аз тарафи судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ретсидиви ҷиноят» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 13 марти соли 2003 таҳти №5 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оиди таъин намудани ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо» 04.10.2021 сол Муовинони Раиси суд Одиназода М.

Маҳмадзода Х.

17 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 29 майи соли 2003 таҳти №11 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо таъин намудани ҷазоҳои иловагӣ» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 25 июни соли 2004 таҳти №3 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба ҷиноятӣ марбут ба дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ» 14.10.2021 сол Судяҳо

Назарзода Н.

Сайфуллозода Н.

18 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 24 феврали соли 2005 таҳти №1 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 30 июни соли 2011 таҳти №1 «Дар бораи пешбурд оид ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба иҷрои ҳукм» 25.10.2021 сол Судяҳо

Юсуфзода З.

Сафозода А.

19 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 26 июни соли 2009 таҳти №22 «Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, бо тағиротҳо бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 04.1102021 сол Судя

Файзуллозода С.

20 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 24 декабри соли 2010 таҳти №33 «Дар бораи ҳукми судӣ» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 26 июни соли 2009 таҳти №20 «Дар бораи таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба авбошӣ» 15.11.2021 сол Судяҳо

Абдураҳимзода Л.

А.Искандарзод

21 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 23 декабри соли 2011 таҳти №13 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорие, ки баргардонидани парвандаи ҷиноятиро барои тафтиши иловагӣ ба танзим медароранд» 25.11.2021 сол Судяҳо

Бобозода А.

Сафозода А.

22 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 25 июни соли 2012 таҳти №1 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 14 июни соли 2013 таҳти №5 «Дар бораи таҷрибаи татбиқи меъёрҳои қонунҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм» 06.12.2021 сол Судяҳо

Мустафозода Ш.

Шарифзода С.

23 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 25 июни соли 2012 таҳти №3 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтумони худсарона дар он, ғайриқонуни додани қитъаи замин» 16.12.2021 сол Муовини якуми Раиси Одиназода М.

 

24 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 14 июни соли 2013 таҳти №6 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ марбут ба интихоби чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан, ҳабси хонагӣ ва гарав, тағйир додани онҳо ва дароз намудани муҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 12 июни соли 2014 таҳти №1 «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) – дошта» 27.12.2021 сол Судяҳо

Шаҳнозаи А.

Баротзода С.

25 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 12 июни соли 2014 таҳти №2 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ марбут ба таъини намуди муассисаҳои ислоҳӣ нисбати шахсони ба ҷзои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумгардида» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 30 ноябри соли 2015 таҳти №74 «Оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ» 06.01.2022 сол Судяҳо

Сайфуллозода Н.

Амирзода Т.

26 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 18 ноябри соли 2013 таҳти рақами №10 «Оид ба тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судяҳои марҳилаи якум» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 14 июни соли 2013 таҳти рақами №3 «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунҳое, ки муносибатҳоро оид ба ӯҳдадориҳо вобаста ба расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии шаҳрванд ба танзим медадоранд» 17.01.2022 сол Судяҳо

Раҳимзода Р.

Шарифзода С.

27 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 02 октябри соли 2003 таҳти рақами №16 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста бо тарбияи фарзандон» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 02 октябри соли 2003 таҳти рақами №17 «Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба фарзандхонди» 27.01.2022 сол Судяҳо

Абдураҳимзода Д.

Сафарзода А.

28 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 16 декабри соли 2004 таҳти рақами №11 «Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста ба беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ (квартира)» 07.02.2022 сол Судяҳо

Сафозода А.

Бобозода А.

29 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 19 декабри соли 2008 таҳти рақами №12 «Дар бораи омодасозии парвандаҳои гражданӣ ба муҳокимаи судӣ» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 23 июни соли 2010 таҳти рақами №13 «Дар бораи ҳалномаи судӣ» 17.02.2022 сол Судяҳо

А.Искандарзод

Ғулом Б.

30 Омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 24 декабри соли 2010 таҳти рақами №34 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ марбут ба баҳсҳои аз ҳабс озод ё аз рӯйхат хориҷ намудани молу мулк» ва омӯзиши Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 23 декабри соли 2011 таҳти рақами №8 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба пардохти боҷи давлатӣ аз рӯйи парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ» 28.02.2022 сол Судяҳо

Мустафозода Б.

Баротзода Б.

Эзоҳ: Нақшаи мазкур дар асоси супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ҷамъбасти оиди фаъолияти судяҳо дар семоҳаи аввали соли 2021 бо мақсади пешгирии бекоршавии санадҳои судӣ таҳия шудааст.

Машғулиятҳо дар мавзӯъҳои зикршуда, дар муҳлати муайяншуда соати 16:00 дақиқа аз ҷониби шахсони масъул бо иштироки ҳамаи судяҳо гузаронида мешавад.

Ҳамаи судяҳо оиди мавзӯъҳои номбурда дар рӯзи таъин шуда бояд тайёр бошанд.

Баъди ба анҷом расидани мавзӯъи машғулият дар вақти таъин шуда, санадҳои судии бекор шуда, муҳокима карда шаванд ва ҳамзамон вобаста ба парвандаи бекоршуда ва дар баррасии судя қарор дошта бо маърӯзаи ҳамон судя дар рӯзи машғулиятҳо мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Назарот аз болои иҷроиши нақшаи мазкур ба зиммаи Муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.