НАҚШАИ КОРИИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021 – УМ

«ТАСДИҚ  МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе.

__________ Рушанзода С.Р.

    24 декабри соли  2020.

 

НАҚШАИ КОРИИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021 – УМ

Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати иҷроиш Шахсони масъул
1 Муҳокима ва ҷамъбасти фаъолияти суди ноҳия дар  соли 2020 Моҳи январ Раиси суд
2 Гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ, кормандони корхонаю муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷуёни донишгоҳҳо, аҳли ҷамоатчигии ноҳия, вобаста ба ду Қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Қонунгузории оила, пешгирии вайроншавии оилаҳо, Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ, ҷиноятҳои вобаста ба терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ савдои одамон, зӯровари дар оила, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, Қонунҳои амалкунанда, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқи вобаста ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтумонҳои худсарона, омодаги ба таҷлили Иди Наврӯз, таҷлили 24-умин солгарди Ваҳдати Миллӣ. Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
3 Иҷрои бандҳои дахлдори  Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
4 Омӯзишу фаҳмондадиҳии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳоли, нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, чопи мақолаҳо дар рӯзномаҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
5 Иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз санаи 21 ноябри соли 2019 ва зимни савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30 октябри соли 2020 Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
6 Ҷамъбасти амалияи cудии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор (моддаҳои 200-201 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар соли 2020 баррасишуда Моҳи феврал Судя Бобозода А.Б. ва мушовирони суд
7 Ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оиди риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» (бо тағйиру иловаҳо) дар нимсолаи дуюми соли 2020 баррасишуда Моҳи  феврал Судя Раҳмон Д. ва мушовирони суд
8 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оиди ситонидани алимент  дар соли 2019 баррасишуда Моҳи феврал Судя Сайфуллозода Н. ва мушовирони суд
9 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оиди риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар нимсолаи дуюми соли 2020 баррасишуда Моҳи март Судя Сафарзода А. ва мушовирони суд
10 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020 баррасишуда Моҳи март Судя Юсуфзода З. ва мушовирони суд
11 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши манзили истиқоматӣ ва кӯчонидан аз манзил дар  соли 2020 баррасишуда Моҳи март Судя Сафозода А.Г. ва мушовирони суд
12 Ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ бо моддаи 93 прим 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва се моҳаи  аввали соли 2021 баррасишуда Моҳи апрел Судя Шаҳнозаи А. ва мушовирони суд
13 Ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба муайян намудани ҷои зист ва тартиби муошират бо кӯдакон дар соли 2020 баррасишуда Моҳи апрел Судя Раҳимзода Р. ва мушовирони суд
14 Назорат вобаста ба баррасии саривақтии парвандаҳо аз ҷониби судяҳо ва пешгирии вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо Мунтазам Муовинони Раиси суд ва мудирони дафтархонаҳои суд
15 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 510 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  соли 2020 баррасишуда Моҳи апрел Судя А.Искандарзод ва мушовирони суд
16 Иҷрои саривақтии супоришҳои хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунтазам Муовинони Раис суд ва мушовирон
17 Омӯзиш ва таҳлили ҳолати иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба ҷазоҳои ҷарима, рӯёнидани боҷи давлатӣ ва рӯёнидани зарар Моҳи май Муовинони Раиси суд, мудирони дафтархонаҳои суд ва мушовирони суд
18 Ҷамъбаст ва таҳлили парвандаҳои судии боздошташуда, бе баррасӣ монондашуда Моҳи май Муовинони Раиси суд, мудирони дафтархонаҳои суд ва мушовирон
19 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баррасишуда Моҳи май Судя Файзуллозода С. ва мушовирони суд
20 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 332, 337 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва се моҳҳаи аввали соли 2021 баррасишуда Моҳи май Муовини Раиси суд Маҳмадзода Х.Б. ва мушовирони суд
21 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон дар соли 2020 баррасишуда Моҳи май Судя Абдураҳимзода Д. ва мушовирони суд
22 Ҷамбастии фаъолияти Приставҳои судӣ вобаста ба мусоидат кардан, ҷиҳати иҷроиши санадҳои судӣ, ҷарима, боҷи давлатӣ хотирасониҳо ба мақомотҳои дахлдор аз рӯйи иҷрои қарорҳои суд – ҳабси маъмурӣ Ҳар се моҳа Муовинони Раиси суд
23 Санҷиши фаъолияти дафтархонаҳои судӣ Ҳар се моҳа Муовинони Раиси суд ва мушовирони суд
24 Мунтазам фаъол кардани сомонаи суд Мунтазам Носирзода М.Қ.

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши Нақшаи кории мазкур ба зиммаи Муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.