НАҚШАИ КОРИИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2021 – УМ

«ТАСДИҚ  МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе.

__________ Рушанзода С.Р.

    24 июни соли  2021.

 

НАҚШАИ КОРИИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2021 – УМ

Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати иҷроиш Шахсони масъул
1 Муҳокима ва ҷамъбасти фаъолияти суди ноҳияи Сино дар нимсолаи якуми соли 2021 Моҳи июл Раиси суд
2 Гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ, кормандони корхонаю муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷуёни донишгоҳҳо, аҳли ҷамоатчигии ноҳия, вобаста омӯзишу фаҳмондадиҳии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвони миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 январи 2021 сол «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ, ҷиноятҳои вобаста ба терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ савдои одамон, зӯровари дар оила, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020 – 2030, пешгирии вайроншавии оилаҳо, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин барои солҳои 2021-2025, Қонунҳои амалкунанда, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқи вобаста ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтумонҳои худсарона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», омодагӣ ба таҷлили 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 27 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
3 Омӯзишу фаҳмондадиҳии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳоли, нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, чопи мақолаҳо дар рӯзномаҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
4 Иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз санаи 21 ноябри соли 2019 Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
5 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, прекурсорҳо (моддаҳои 200-206) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи июл Судя Раҳимзода Р. ва мушовирони суд
6 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба зӯровари дар оила бо моддаҳои 110,117 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи июл Судя Амирзода Т. ва мушовирони суд
7 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи июл Судя Мустафозода Ш. ва мушовирони суд
8 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи июл Судя А.Искандарзод ва мушовирони суд
9 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи июл Муовини якуми Раиси суд Одиназода М. ва мушовирони суд
10 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди рӯёнидани маблағӣ қарз, фоизу ҷаримаҳо вобаста ба бонкҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи август Судя Шарифзода С. ва мушовирони суд
11 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи август Судя Шаҳнозаи А. ва мушовирони суд
12 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи август Судя Сайфуллозода Н. ва мушовирони суд
13 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи август Судя Баротзода С. ва мушовирони суд
14 Назорат вобаста ба баррасии саривақтии парвандаҳо аз ҷониби судяҳо ва пешгирии вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо Мунтазам Муовинони Раиси суд ва котибони дафтархонаҳои судӣ
15 Ҷамъбаст ва таҳлили парвандаҳои судии боздошташуда, бе баррасӣ монондашуда Моҳи сентябр Муовинони   Раиси суд, котибони дафтархонаҳои суд ва мушовирон
16 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ бо бақайдгузоштан дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи сентябр Судя Раҳмон Д. ва мушовирони суд
17 Назорат оиди риояи интизоми меҳнат дар суд Мунтазам Раиси суд ва муовинони Раис
18 Омӯзиш ва таҳлили ҳолати иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба ҷазоҳои ҷарима, руёнидани боҷи давлатӣ ва руёнидани зарар Моҳи сентябр Муовинони Раиси суд, котибони дафтархонаҳои суд ва мушовирони суд
19 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи сентябр Судя Сафарзода А. ва мушовирони суд
20 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 597 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи сентябр Судя Ғулом Б. ва мушовирони суд
21 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 333 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи сентябр Судя Абдураҳимзода Л. ва мушовирони суд
22 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди рӯёнидани маблағҳо бо тариқи фармон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва дар нимсолаи якуми соли 2021 қабулгардида Моҳи сентябр Судя Назарзода Н. ва мушовирони суд
23 Чопи мақолаҳо вобаста ба нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва масъалаҳои қонунгузорӣ Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
24 Баромад дар садо ва симо дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ Мунтазам Муовинони Раиси суд ва судяҳо
25 Гузаронидани дарсҳои омӯзиши бо кормандони дастгоҳи суд вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ, қонунгузорӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ Ҳар моҳ Муовинони Раиси суд, судяҳо ва мушовирони суд
26 Гузаронидани чорабиниҳои ҷашни бахшида ба 30 – умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар арафаи ин ҷашнҳо Раиси суд, муовинон ва судяҳо
27 Иҷроиши сари вақтии супоришҳои хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунтазам Муовинони Раиси суд ва мушовирони суд
28 Санҷиши фаъолияти дафтархонаҳои судӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, коркард дар бойгонии суд Ҳар се моҳа Муовинони Раиси суд ва мушовирони суд
29 Назорат оиди фаъол будани сомонаи суд, дастраси ба сомона Мунтазам Носирзода М.Қ. ва Юсуфбекзода Р.
30 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба  парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи октябр Судя Файзуллозода С. ва мушовирони суд
31 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи октябр Судя Юсуфзода З. ва мушовирони суд
32 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи октябр Судя Абдураҳимзода Д. ва мушовирони суд
33 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди бекор кардани Қарорҳои (санадҳои) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, санадҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи ноябр Судя Ҳамдамзода А. ва мушовирони суд
34 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 479 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи ноябр Судя Аҳмадзода Ф. ва мушовирони суд
35 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба айбдоркунии хусусӣ дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи ноябр Муовини Раиси суд Маҳмадзода Х. ва мушовирони суд
36 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба баҳсҳои меросӣ дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи ноябр Судя Сафозода А. ва мушовирони суд
37 Ҷамъбасти амалияи cудӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди бекор кардани шартномаҳои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар сохтумони биноҳои баланд ошёна ва дигар баҳсҳо вобаста ба ҳамин масъала дар соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 баррасигардида Моҳи ноябр Судя Бобозода А. ва мушовирони суд
38 Ҷамъбасти фаъолияти Приставҳои судӣ вобаста ба мусоидат кардан, ҷиҳати иҷроиши санадҳои судӣ, ҷарима, боҷи давлатӣ, хотиррасониҳо ба мақомотҳои дахлдор аз рӯи иҷрои қарорҳои судӣ – ҳабси маъмурӣ, ҷамъбасти фаъолияти мушовирони суд Ҳар се моҳ Муовинони Раиси суд

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши нақшаи кории мазкур ба зиммаи Муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.