НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Бо шарофати истиқлолият мо ҳусни зиндагиро, ватани азизу беҳамторо, саховатмандиву адолатро, муҳаббатро, садоқатро, далериву матонатро, маҳз дар амалҳои оқилона ва суханҳои хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.

Дар таърихи ҳар давлату миллат марҳилаҳое фаро мерасанд, ки бо назардошти моҳияташон сарнавиштсозанд. Муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлати устувор ин соҳибистиқлол гардидани он, доштани Конститутсия ва ҳокимияти устувори конститутсионӣ мебошад. Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳукуки муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо таъриху фарҳанги тамаддунсози оламшумулаш шинохта шуда, ба сӯи инкишофи мустақилона қадам ниҳод.

Бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, корҳои муайяне амалӣ гардиданд. Дар ин раванд Шӯрои адлия барҳам дода шуда, масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии

иқтисодӣ вогузор гардиданд.

Дар даврони истиқлол маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мақомоти судии кишвар низ ба мазмуни воқеии шоҳаи мустақили ҳокимият ноил гардида, он тадриҷан зина ба зина бо такмилу таҳкими конунгузории соҳа ва амалӣ гардидани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳукуқӣ пешбинигардида тақвият меёбад.

Мутобики моддаи 84 Конститутсия, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту

муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақили, истисноӣ, танҳо ба конун итоат намудан, ягонагии он ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби макомоти махсуси давлатӣ — судҳо таъмин мекунад. Ягон макоми дигар ё шахсони ҳуқукӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.

Воқеан ҳам ҳокимияти судӣ кафолатдиҳанда ва таъмингари волоияти конун дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бинобар он, давлат ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Чуноне ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд намуданд: «Барои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди ҳокимияти судӣ дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишҳои олӣ -инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, ки вазифаи муқаддаси давлат аст, риоя ва ҳифз менамояд. Баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад».

Аз ин рӯ, мақомоти судии кишвар дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ба роҳбарӣ гирифта, бо дарки масъулияти баланди касбӣ баҳри амалӣ намудани адолати судӣ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа мекӯшанд.

Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи ватандорӣ, кафолати саодатмандӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти мост.

Бори дигар ба ҳамаи Шумо 32-солгарди ҷашни Истиқлолиятро муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ ва бурдбориҳоро таманно дорам.

Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,

Гулмаҳмадзода Мавзуна