“Парчами Тоҷикитон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат”

Арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад.

Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.

Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар,  Суғду Хатлон ва дигар  давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии  гузаштагони мо мебошанд.

Аз асотирҳо бармеояд, мардум аз зулми шоҳ Заҳҳок ба дод омада, бо сардории Коваи оҳангар, ки пешбанди чармини оҳангарии худро ҳамчун парчам бар болои сар бардошта буд,  бар зидди ӯ бархостанд.

Баъди сарнагун кардани Заҳҳок, шоҳ Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, ба сари тахт омада, ин дирафшро бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қимматбаҳо зебу ороиш дода, ба он  номи «Дирафши Ковиёнӣ»-ро гузошт.

Чун нишони эҳтиром ба Кова ва муборизаи озодихоҳонаи мардуми сарзамин ин “Дирафши Ковиён”-и  ҳамчун  парчами миллӣ эътироф гардид.

Мояи ифтихор аст, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгузин гардида, ҳамчун нишони абадияту бардавомии таърихии давлатдории миллии точикон маҳсуб меёбад.

Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург  бошад — нишонаи равшани  муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Аз он баъд низ  миллати тоҷик рисолати тамаддунофарии худро ҳамеша ҳифз намуда, дар интиҳои асри гузашта ба  истиқлолияти комил шарафёб  шуд.

Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон давр инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ  аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Парчами миллӣ ҳамчун  рамзи муҳими истиклолияти миллӣ, таҷассумгари таърих, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва  ватанпарасти мамлакат мебошад.

Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта, сокинонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибистиқлолӣ далолат менамояд.

Бигузор Парчами миллӣ-ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон бошад.

 

Судяи  суди ноҳияи Синои

 шаҳри Душанбе

Абдураҳимзода Л.А.