ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ОИНИ ХИРАДСОЛОРӢ ВА ФАРҲАНГИ СУЛҲОФАРӢ

Ваҳдат ҳамчун зуҳуроти фарогири сартосарӣ аз домони ормонҳои хиради  рафоқатҷӯӣ ва садоқатмандии ба фарҳанги сулҳофаридоштаи мардуми маънавиётгарои мамлакатамон падид омадаву ташаккул ва такомул ёфта бошад ҳам, бундёгузор ва меъмори аслии он Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор мераванд.

Зеро маҳз оини хирадсолорӣ ва давлатдории ботадбиронаи Пешвои миллат буд, ки ваҳдат ҳамчун пайки ҳаётбахш, муждарасони  рӯзи мурод ва толеву иқболи босаодат  ба манзилу макони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ умеди зистан ва шукуфтанро ба армуғон овард.

Он пайке аз нишоту шодмонӣ шуд, ки саҳифаи сиёҳу нангини таърихи сиёсии кишварамонро варақгардон намуда, барои берун овардани Истиқлолияти давлатиамон аз ҷанги ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои  фурсатталаб, ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ  заминаи созгорро ба вуҷуд оварда, раванди созиши миллӣ ва суботи сартосариро ба падидаи бунёдӣ ва  пурқуввату бебозгашт табдил дод, ки агар аз як ҷониби он ҳамчун ҷараёни умумимиллӣ ташаккул ёфта бошад, аз тарафи дигар  поягузорӣ ва идоракунии муваффақонаи марҳилаҳои гуногуни сулҳи тоҷикон ба иродатмандӣ, тамоюли сулҳофарию ваҳдатпарварӣ ва қатъияти роҳбарии хирадгароёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

Раванди музокирот ва гуфтушунидҳои байни ҷонибҳо аз лаҳзаи оғоз то ба анҷом аз заминаҳои мустаҳками ба  санадҳои  ҳуқуқӣ асосёфта  иборат буд, ки  тавонист ин  ҷараёни мураккабро бонизом ва ҳадафманд  намуда, марҳила ба марҳила имзои санади асосиро наздик созад. Маҳз аз нигоҳи асосҳои ҳуқуқӣ ва таҳияву ба имзо расондани маҷмӯи санадҳои  раванди чандинсолаи музокирот, ки ба ин кор мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва таҷрибаи қонунэҷодкунидошта ҷалб карда  шуда буданд,  сулҳу созиш  ба  масири бебозгашт ворид гардида, аз  ҳарфи рӯи коғаз ба воқеият табдил ёфт. Зеро  механизмҳои татбиқи муқаррароти созишномаи сулҳ бо назардошти  шароити хоси он замон, махсусиятҳои миллӣ ва таъмини манфиатҳои давлатӣ  дар санадҳои имзошуда пешбинӣ ва муқаррар гардида буданд.

Бо такя ба ҳамин хусусияти ваҳдати миллӣ Пешвои миллат чунин баён доштанд: «Мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».

Бо расидан ба фазои ваҳдат дар кишварамон муҳити созгори татбиқи меъёрҳои қонун ва ҳифзу риояи ҳуқуқҳои инсон шакл гирифт, зеро то расидан ба ваҳдат дар шароити низои дохилӣ ва амалан муқовиматҳои мусаллаҳонаи шаҳрвандӣ беқонунӣ ва беҳуқуқӣ  ҳамчун зуҳуроти хатарноку нангин дар қисме аз ҳудуди ҷумҳурӣ  вуҷуд дошт.

Тақдири шаҳрвандонро на меъёри муқарраркардаи қонун, балки мақсади саркардаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ муайян менамуд. Дар чунин шароит, ки даврони бенизомиву беқонунӣ буд, дар хусуси ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва таъмини риояи он сухан гуфтан маънӣ надошт. Аз ин нигоҳ, механизми татбиқи волоияти қонун ва арзиши олӣ ва муқаддас будани ҳуқуқи инсон дар мавридҳои алоҳида  сарфи назар мегашт.

Вақте Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, дар тамоми ҳудуди кишварамон фазои ягонаи ҳуқуқии ба асли қонунгузории миллӣ асосёфта шакл гирифт. Дигар шароите ба вуҷуд омад, ки танҳо дар доираи қонун ҳамагуна муносибатҳои ҷамъиятии мазмуну хусусияти гуногундошта баррасиву баҳогузорӣ мешуданд. Шаҳрвандони минтақаҳои алоҳидаи кишвар, ки муддате дар фазои беқонуниву беҳуқуқӣ  қарор доштан, дубора ба волоияти қонун паноҳ оварданд ва эҳсос намуданд, ки дар симои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ҳомиву ҳимоятгари ҳуқуқҳои худро доранд. Чунин ҳолат боварии мардумро ба институтҳои идоракунии давлатӣ тақвият дода, барои дар сатҳи умумимиллӣ таъмин намудани волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон имконият муҳайё сохта, ҳамзамон, мусоидат намуд.

Расидан ба сулҳи ниҳоӣ ва наздик овардани Рӯзи Ваҳдати миллӣ осон ба даст наомадаанд, зеро  дар ин роҳ монеагузориҳо ва нофаҳмиҳо зиёд буданд. Аммо чун роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар азми худ қотеона амал мекарданду иродаи сиёсии устувор доштанд, мақсади аслиашон ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа буд, дар охир ҳуҷҷати ниҳоӣ ба имзо расид, ки ба навъи худ падидаи муҳим ва оғозбахши марҳилаи нави таърихи сиёсии даврони мустақилияти миллӣ гардид.

СУҲРОБ РУШАНЗОДА,

Раиси  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе