ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ ХИРАДСОЛОРИ КОНСТИТУТСИЯ

Дар ҷодаи тарҳрезӣ ва муайянсозии сиёсати ҳуқуқии кишвари соҳибихтиёрамон Конститутсия мавқеи намоён ва нақши барҷаста дорад, зеро он аз як ҷониб дар муқаррароти хеш азму ирода, орзуву ормон ва ғояву маромномаи ҳамватанони моро ифодагар ва таҷассумкунанда буда, аз ҷониби дигар заминасоз ва ҳидоятгари тараққиёту такомули ҷомеаи шукуфон ба шумор меравад, ки тӯли 25 – сол ин рисолати ҳаётӣ ва таъиноти пуршарафро ба унвони санади муқаддас ва арзиши сарнавиштсозу неъмати гаронбаҳо басо пурсамару натиҷабахш ба мавриди иҷро расонида истодааст.

Ҳарфи инъикоскунандаи ҳақиқати таърихӣ ва сухани бозгӯи воқеияти ҳолро хоҳем гуфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосӣ ва иқдомгари аслии таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки ин рӯйдод падидаи беназири таърихи давлатдорӣ, ҳастӣ ва мавҷудияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Аз он нигоҳ ки маҳз қатъият, истодагарӣ, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии оянданигаронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, ба таври фарогир мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят тариқи баргузории райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Президенти кишвари мустақиламон масъулияти ҳомии хирадсолори Конститутсия, кафили истиқлолияти давлатӣ ва пойдориву бардавомии миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки аз шарофати чунин дарки масъулияти баланд комёбӣ пайи комёбӣ насиби мо – соҳибватанон гардида, музаффариятҳои зиёди даврони озодиву соҳибихтиёриамонро торафт афзуда истодааст.

Шинохт ва эътирофи моҳияти демократии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сатҳи муътабари байналмиллалӣ шаҳодатгари он аст, ки миллати тоҷик давлатсозии мустақилро озодонаву огоҳона бо такя ба ҳарфу ҳиҷои қонун ва меъёрҳои пазируфташудаи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ амалӣ намуда, саодату бақо ва тадбиқи ҳадафҳои созандашро пойбанди меъёру арзишҳои бахтномаи миллӣ, муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва санади волои ормонҳои хеш медонад.

Эҳтиром гузоштан ба арзиши Конститутсия дарак аз фазилати баланди инсонӣ дода, нишонаи равшани садоқатмандӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси баланди соҳибдавлативу ифтихори ватандорӣ ба шумор рафта, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии фард дар он зоҳир мегардад.

Бо муҳим шуморидани ин нуқта Пешвои миллат даъватхоҳона ба кулли мо – ҳамватанон чунин таъкид менамоянд:

«Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.»

Муқаддасоти миллӣ мақому ҷойгоҳ ёфтани Конститутсия, соҳиби Конститутсияи давлату озоду мустақил будан танҳо боиси сарфарозӣ  набуда, ҳисси сарбаландиест, ки дар пайи худ масъулият дорад. Аз ин рӯ, дар ин таъкиди Пешвои миллат дар баробари арҷгузорӣ ба арзишу меъёрҳои Конститутсия ҳидоятгароёна ба кӯшиш намудан дар роҳи амалисозии ҳадафҳои созанда даъват ба амал оварда мешавад.

Соҳибдавлативу соҳибватании мо аз файзи истиқлол ва асосноккунии ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, бо шарофати мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такомул пайдо намуда, роҳи тараққиёти устувор ва тавсеаи доманадор ба самти ободкориҳои бештар танҳо бо қувват бахшидани тамоюлҳои муттаҳидиву  ҳамбастагӣ миллати моро боз ҳам пирӯзманду комёб нигоҳ хоҳад дошт.

Чун Конститутсияи Тоҷикистон маҳсули афкору ақидаи инсондӯстона ва адолатпарваронаи мардуми мост, дар мазмуну муҳтавои он сиришти сулҳхоҳонаву маънавиётгароёна, суннатҳои дӯстии ҷовидона ва анъанаву таҷрибаи қонунпазирии миллати тоҷик ба таври намоён зоҳир мегардад, ки ин хусусияти муҳим  на танҳо мақому ҷойгоҳи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва расмии Конститутсияи моро барҷаста месозад, балки ҷанбаи ғоявӣ ва аҳамияти назариявию тафсирии онро низ тақвият мебахшад.

Зуҳури равшани ватандӯстӣ ва иҷрои дурусти қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ хоҳад буд, агар ҳар яки мо дар арсаи ҳифзи арзишҳои Конститутсия дар посух ба ҳидоятҳои некхоҳонаи Пешвои миллат саҳмдору ташаббускор ва даст ба домони амали фаъоли ободгароёна бошем, то садоқати хешро ба санади сарнавиштсози кишвари соҳибистиқлоламон собит намуда, дар боз ҳам боло бурдани шукӯҳу эътибори муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии мамлакати озоду осудаамон ҳиссагузории шоиставу шоён намоем.

 

Суҳроб  Рушанзода,

Раиси  Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе