РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май «Рӯзи Дави миллӣ» баргузор мегардад, ки ин ташаббус бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ андешида мешавад.

Субҳи 16 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе «Рӯзи Дави миллӣ» бо тантана ва иштироки сокинони шаҳр, кормадони ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон, занону бонувон, варзишгарон, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла кормандони суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар пешорӯи санаи фархундаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар саросари кишвар баргузор мегардад ва сафи иштирокчиён сол то сол меафзояд, ки мақсад аз баргузор шудани чунин чорабинӣ ба тарзи дурусти ҳаёти солим қадам монондани мардуми шарафманди азизамон гувоҳ медиҳад.