САДДИ МУСТАҲКАМ ПЕШОРӮИ КОРРУПСИЯ
Дар ҷаҳони имрӯз чанд зуҳуроти номатлуб вуҷуд доранд, ки хусусияти глобалӣ касб намуда, ба мушкилоти хоси ҳамаи давлатҳои олам табдил ёфтаанд. Аз ҷумлаи падидаҳои манфии боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин коррупсия ва пайомадҳои ногувори вобаста ба он мебошад, ки бо вуҷуди талошҳои тӯлонӣ ва ҳамбастагиву иттиҳоди байналмиллалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо он то ҳол ҳамоно масъали мубрам ва печида боқӣ мемонад.
Созмони Миллали Муттаҳид бо назардошти он ки коррупсия ниҳодҳои демократияро заиф сохта, ба волоияти қонун латма мезанад ва барои ҷинояткорон баҳри роҳандозии фаъолияти ҷинояткорӣ шароит фароҳам месозад, 31 октябри соли 2003 Конвенсияи алоҳидаи зидди коррупсияро қабул намуд, ки муҳимтарин санади муътабари сатҳи байналмилаллӣ дар самти мубориза бо ин падидаи нангин мебошад ва аксари кишварҳои дунё ин ҳуҷҷати соҳибэътибори ҷаҳониро ба тасвиб расонида, ба як ҷузъи таркибии низоми қонунгузории миллиашон табдил додаанд. Мамлакати мо низ бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои байналмиллалӣ дар ҷодаи муқовимат бо коррупсия санади мазкурро ба тасвиб расонид.
Пайомадаҳои зиёнбори коррупсияро дарк намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иродаи яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ чунин таъкид доштанд:
«Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.
Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад.»
Бо назардошти ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат ҷоизи зикр аст, ки ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи қавии сиёсӣ дар сатҳи роҳбарияти олии кишвар мавҷуд аст. Низоми қонунгузории миллӣ тӯли чанд соли охир дар натиҷаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қонунии танзимкунандаи маҷмӯи фаъолиятҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия заминаи созгорро фароҳам овардааст. Чандин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самтро кишвари мо ба тасвиб расонид. Мақомоти алоҳидаи салоҳиятдори давлатӣ низ дар доираи такмили низоми ҳокимияти давлатӣ дар бахши мубориза бо коррупсия таъсис ёфт, ки тӯли чандин сол аст, фаъолияти пурсамар дорад.
Усулҳои мубориза баҳри коҳиш додани шиддати амалҳои коррупсионӣ гуногунан, лек роҳи муассир ин муборизаи пайваста, муназзам, ҳадафманд ва маҷмӯист, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Ҷавҳари аслии ин шеваи мубориза бо коррупсияро тағйири мафкура ташкил медиҳад, ки он тамоми раванди ташаккули як инсони боирода, соҳибмаърифат ва адолатпарварро дар бар мегирад.
Мубориза бо коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад. Аз ин рӯ, агар мо рушди ватанамон, саодати мардуми он ва таъмини зиндагии пуршарафи ҳар фарди кишварро хоҳем, бояд бо коррупсия дар ҳамоҳангӣ бо ҳама мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем.
Боло бурдани савияи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар хусуси коррупсия, нишона ва пайомадҳои ҳуқуқии он низ як ҷанбаи муҳиму таъинкунандаи коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ мебошад. Вақте шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳибмаърифат ба ҳар ҳарфи қонун эҳтиром мегузоранд, ҳамаи амалу муносибатҳои худро дар доираи расмиёти қонунӣ ба роҳ мемонанд, дар маҷмӯъ ҳокимияти қонун ба пуррагӣ ва бечунучаро таъмин аст, торафт доираи амалу ҳаракатҳои коррупсионӣ маҳдудтар мегардад. Бо эътимод метавон таъкид намуд, ки маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонуният садди мустаҳкамест пешорӯи амалҳои коррупсионӣ.
СУҲРОБ РУШАНЗОДА
Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе