ТАЛОШҲОИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Имсол мо Рӯзи Президент – ин ҷашни қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳиссагузориҳои арзанда ва хидматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллатамонро дар шароите таҷлил менамоем, ки саросари кишварамонро авҷи ободкориву созандагӣ фаро гирифтааст.

Ба касе пӯшида нест, ки эълони истиқлолият барои миллати тоҷик ба осонӣ муяссар гардид, лек ҳифзи он аз тамоюлҳои пурхатар самараи сарварии иродатмандона ва ғайрату шуҷоати Пешвои миллат аст.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки поягузори истиқлолият давлатӣ низ ба шумор мераванд. Бақои миллат, пойдории истиқлолияти давлатӣ, инчунин ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули хиради бузург, талоши ватандӯстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва иқдомоти таърихсозонаи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Агар дар иҷлосияи қисматсози XVI — уми Шӯрои Олӣ сохти давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи озод, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида бошанд, бо қабули конститутсия баҳри ташаккули низоми нави қонунгузории мамлакати соҳибистиқлоламон заминасозӣ гардид, ки ин ҳама низ аз самараи талошу шоҳкории истиқлолсозона ва истиқлолхоҳонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъмикунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хизматиашон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд.

Самараи чунин диққати махсуси Пешвои миллат аст, ки дар 30 – соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон ва фароҳамоварандаи заминаҳои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ асос гузошта шуда, сол то сол торафт собиту маҳкамтар мегардад.

Чунки Пешвои миллат ҳамчун роҳбари закиву дурнигар ҳанӯз дар солҳои вазнини ошӯбҳои мусаллаҳонаи дохилӣ дарк намуда буданд, ки танҳо ҳарфу меъёри қонун ҷомеаро аз бенизомӣ ба низом ва аз вартаи нобудӣ ба арсаи бақову пойдорӣ оварда мерасонад.

Дар ҳамин зимн қобили эътирофи барҳақ аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи замони соҳибихтиёрии давлат ва озодии миллатамон мебошанд. Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона ва оянданигарона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор намуда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба маҷро даровард ва муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду тантанаи ваҳдати сартосариро таъмин намуд.

Шинохти тоҷикон ҳамчун миллати ваҳдатпарвар ва ситоиш аз таҷрибаи сулҳофарии мо аз ҷониби доираҳои муътамади  байналмилалиро маҳсули хираду талоши қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он низ маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амри воқеӣ шуд. Бо назардошти нақши муҳими судҳо дар ҳаёти ҷомеа сарвари давлат таъкид намуданд, ки «имрӯз барои ҷомеаи навини тоҷикон суди бо мазмуни аслиаш пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур аст».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускор ва тасмимгирандаи асосии таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор ёфтани он маҳсуб меёбанд, ҳанӯз зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ 24 майи соли 2007 зикр намуда буданд, ки  «дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Дар соли 2007 қабул шудани ин қонун як иқдоми оқилона ва санҷидакоронаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат буд. Аз он сабаб, ки соли 2008 бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ оғоз ёфт. Бинобар ин, муҳимтарин аҳамияти нафърасону манфиатовари ин қонуни миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар вазъияти вазнини таъсири омилҳои манфии берунаи натиҷаи бӯҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди миллиамон дар ҳифзи манифатҳои мардум нақши фаъол ва амалӣ гузошта истодааст.

Ҳақиқати яқин аст, ки андешаи таҳия ва қабули чунин қонуни роҳнамову чорасоз маҳсули тафаккури хирадмандона ва оянданигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро Пешвои миллат  бо назардошти мушкилоти зоҳирпарастӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо, ки бори зиндагии иҷтимоии мардумро сангин намуда буд, роҳи ислоҳи ин вазъ ва сабук сохтани рӯзгори мардумро дар танзими ин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути истифодаи василаи қонунии он диданд.

Гузашти даҳсолаи ин иқдом ва ташаббуси бузургу қисматсози Пешвои миллат нишон дод, ки як масири оқилонаи танзими қонунии мушкилоту печидагиҳои анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, ки на танҳо дар дохили мамлакатамон ҳамрайъиву ҳамовозии пурра пайдо намуд, балки дар сатҳи кишварҳои хориҷӣ низ мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифт.

Зеро он санади қонуниест, ки ғояи он ба Пешвои миллат мансуб аст, аммо ҳар ҳарфу сатраш садои қалбу хоставу писандидаи мардуми бедордилу огаҳназари Тоҷикистон мебошад, ки даъвати сарвари хешро бо нишони ҳамдилӣ содиқонаву самимона пазируфтанд ва онро роҳи наҷот аз вартаи бенизомиву хатокорӣ дар ташкилу гузаронидани ҷашну маросимҳои миллӣ қабул намуданд.

Мавзӯи таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ва оқибату пайомадҳои даҳшатбори онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин суханрониҳои хеш дар нишасту конференсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки созмонҳои муътабари байналмилалӣ баргузор намуда буданд, инчунин дар ҳама Паёмҳои солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар тазаккур дода, борҳо ба тақвияти ҷабҳаи ягонаи мубориза бо ин падидаи нангину пурхатари асри муосир таъкид намуданд.

Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷанбаи амиқу пурвусъати ватанхоҳию ватанпарастӣ дошта, аз таҷлили пурраи раванди рушди миллӣ ва  мушаххас намудани самтҳои стратегии дурнамои пешрафту тараққиёти  давлати соҳибихтиёрамон иборат аст.

Дар ин миён Пешвои миллат, ки мағзу ҷавҳари ташаббусу амалҳояшонро қонунмеҳварӣ ташкил медиҳад, ҳамасола дар нутқу суханронӣ, вохӯриву суҳбатҳо ва паёмҳои ҳарсолаи анъанавиашон ба парламенти ҷумҳурӣ мавзӯи эҳтиром гузоштан ба қонун, таъмини волоияти он ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро зикр менамуданд ва он то ба имрӯз низ аз забони сарвари давлат  борҳо таъкид мешавад.

Ин нигоҳи кӯтоҳ ба хизматҳои анҷомдодаи Пешвои миллат дар  ҷодаи  давлатсозиву қонунмеҳварӣ собит менамояд, ки дар Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон иродаи сиёсӣ мавҷуд аст, ки заминаи бунёдии ҳамагуна пешрафту касби дастовардҳо дар фароҳам сохтани асосҳои такмилёфтаи меъёрӣ — ҳуқуқӣ дар ҷодаи ҳимоят аз ҳуқуқҳои башарӣ мебошад. Таҳаввулу пешрафт ва тағироту дигаргуниҳои назарраси дар самти ташаккули фазои ҳуқуқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини риоя ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, эҷоди муҳити созгори эҳтироми қонун ва таъмини волоияти он, ки бо шарофати сарварии тадбирҷӯёна ва ватандӯстонаи Пешвои миллатамон ба амал омаданд, бешбуҳа заминасози рушди боз ҳам босуръаттари давлати мустақиламон ва беҳдошти боз ҳам беҳтари рӯзгори иҷтимоии халқи азизамон ба шумор меравад.

Дар маҷмуъ метавон далелмандона ва асосноку бобунёд хулоса намуд, ки ҳама азму талош ва кӯшишу ҳиссагузории беназири Пешвои миллат дар ҷодаи поягузорӣ ва таҳкимбахшии истиқлолияти давлатӣ тавассути эҷоди фазои сулҳ, эъмори низоми ҳуқуқӣ ва қонунӣ, эҳёи иқтисод ва таъмини рушди устувор, беҳдошти сатҳи иҷтимоии шоиста, боло бурдани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ба навъи худ шоҳкории азими қаҳрамонона буда, арзиш, мақом ва моҳияти барҷаста ва абадии таърихӣ дорад.

 

Суҳроб Рушанзода,

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе