ВОХУРИЮ СУҲБАТҲО БО ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 9,10,11-и МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 60 – и НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Баҳри иҷрои банди 2 Нақшаи кории суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 Муовини якуми Раиси суд Одиназода М.Ҷ., судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баротзода С., Сафарзода А., ва Мушовири суд Кеҷазода О.Ҳ. бо хонандагони синфҳои 9,10,11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санаи 05 июни соли 2021 вохури гузаронида, дар мавзӯҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвони миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 – уми январи 2021 сол, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонунгузории оила, пешгирии вайроншавии оилаҳо, Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ, Қонунҳои амалкунанда, ҷиноятҳо вобаста ба терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, савдои одамон, зӯровари дар оила, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, таҷлили 24 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ, нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвони миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣаз санаи 21 – уми ноябри соли 2019, фаҳмондадиҳи оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги онҳо, баромад карданд.