ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ БА АМНИЯТИ ҲАМАГУНА КИШВАР ХАТАРҲОИ ҶИДДӢ ЭҶОД МЕНАМОЯД.

Имрӯзҳо ва ё мушаххастару дақиқтар изҳор намоем, солҳои ахир дар хусуси мафҳуми кибернетика, ҷиноятҳои кибернетикӣ, зӯроварии киберӣ, ҳамлаҳои киберӣ, муносибат ва ё алоқаю муҳаббатҳои киберӣ масъулину мутасаддиёни соҳа, коршиносон ва иддае аз мардум бисёрҳо мегӯянду менависанд ва андешаронӣ менамоянд

Нахуст, суоле ба миён меояд: худи вожаи кибернетика чӣ мазмуну маънӣ дорад? Барои оммаи васеи мардум дарҳол шарҳу эзоҳ медиҳем, ки мафҳуми кибернетика аслан аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънияш дар маъхазу сарчашмаҳои илмӣ-таърихӣ “санъати ва ё ҳунари идоракунии заврақ ва ё киштӣ”, маънидод гардидааст. Ҳамзамон, дар аксари маъхазҳо тафсир дода шудааст, ки ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳо ё ҳамлаҳо ва ё амалҳои ҷиноие мебошанд, ки қаллобӣ, дастрасии бидуни иҷозат ба маълумоти хусусӣ ё фаъолияти ба ин монандро дар бар мегиранд. Ва имрӯз кибор бо ҳама чизҳо алоқаманданд, хусусан, ба технологияҳои компютерӣ, алалхусус, интернет вобастаанд ва ё марбутанд. Дар алоқа ба истифодаи афзояндаи ин технологияҳо ҳамкории одамон ба ҷодаи киберӣ ба таври доимӣ бипайваст, ки ҷиноят, ҳамла, таҳқир ва ҳатто, муносибатҳоро ташкил дод ва ба вуҷуд овард…

Муфассалтар ташреҳ ва тафсир бидиҳем: ҷиноятҳои киберӣ яке аз зуҳурот ё ин ки падидаҳои нави замони кунунӣ ё муосир маҳсуб ёфта, таҳдиди он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама, ба амнияти миллии ҳар як давлат хоҳу нахоҳ мерасад…

Қабл аз ҳама, таҳти мафҳуми ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое фаҳмида мешаванд, ки тавассути технологияи компютерӣ, интеренте ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста сурат мегиранд, вусъат меёбанд…

Шахсан худи ман-ба ҳайси як корманди масъул ё ходими давлатии мақомоти судии кишвар чунин фикр мекунам, ки ҳар як давлат ба таъмини амнияти иттилоотияш бояд диққату таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Ин ҷо албатта, омилу сабабҳои зиёде мавҷуданд. Ваое омили асосӣ он аст, ки маҳз тавассути амнияти иттилоотӣ мо баръало метавонем, ки амнияти миллиамонро комилан таъмин намоем ва осудаю орому беташвиш бошем…

Барҳақ, як маъниро набояд фаромӯш созем, ки имрӯз бараъло маълуму возеҳу равшан аст: яке аз нияту аҳдофи асосии кибертеррористони варзидаи дунё ин ба даст овардани иттилоъ ва маълумотҳои маҳимми маҳфӣ ва хусусияти стратегидоштаи дигар давлатҳо мебошад. Худ мустақилона тасаввур намоед ва таваҷҷуҳ бифармоед ба оддитарин масоили ташвишовари рӯз: он вирусҳое, ки ҳар як лаҳзаю дақиқа метавонанд паҳн ҳаванд ё аллакай паҳн шуданд ва ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёну зарар доранд, кибертиррористони дунё низ дар он бевосита даст доранд…

Бубинед, дар як маҷаллаи даврӣ чанде пеш роҷеъ ба ҳамлаи кибернетикӣ мутолиа намудам, ки он ҷо коршиноси соҳаи мазкур чунин иттилоъ медиҳад: “Соли 2017 вируси харобкунандае бо номи “WannaCry” ба системаи компютерӣ дар саросари ҷаҳон паҳн карда шуд, ки дар натиҷаи он 500 ҳазор компютер бо системаи “Windows” дар 150 кишвари дунё аз кор монд. Моҳи декабри соли 2018 бошад, рахнагарони (хакерҳои) номаълум ҳуҷҷатҳои ҳизбҳо ва маълумоти шахсии садҳо сиёсатмадорони Олмонро комилан рахна кардаву дар интернет паҳн намуданд, ки он ҳуҷҷатҳо суроғаи ҷойи истиқомат, рақами телефонҳои мобилӣ, почтаи электронӣ, нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилиҳизбии сиёсатмадоронро дар бар мегирифт”…

Бале, дуруст аст, ки маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотии ҷомеа ва шахсони алоҳида, раванди дурусту қонунии он-таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ мебошад…

Дар як расонаи даврии хусусӣ оид ба ин масъала чунин навиштаҷотеро вохӯрдам: “…Аз ҳама кишварҳои аз ҷиноятҳои киберӣ эмин ва дар ин ҷода пешоҳангу пешсаф давлати Малайзия мебошад, ки 74 дар сад метавонад худро аз ҷинятҳои киберӣ ҳифз намояд. Инчунин, Япония-72, Индонезия-70, ИМА-60, Русия-60, Фаронса-51, Олмон-45 дар сад метавонанд, худро аз ҷиноятҳои киберӣ муҳофизат намоянд. Аз ин нишондиҳандаҳо маълум мегардад, ки ягон давлате ба пуррагӣ қударту тавоноии муқобилияти онро надорад ва наметавонад ба пуррагӣ, яъне сад дар сад худро аз ҷиноятҳои киберӣ ҳифз ва ҳимоя намояд…

Бояд зикр кард, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва ё ифротӣ аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода карда, садҳо сомонаҳои расмиро таъсис додаанд, ки бо ҳазорон маводу маълумоти хусусияти ифротию террористӣ дошта дар пайи гумроҳ сохтани аҳхосу афроди аз асли воқеъият ноогоҳ ва ҷалби аъзои нав фаъолият менамоянд. Онҳо ақидаҳои ифротию низоъангезӣ ва душманонаю зиддиинсонии худро бо мақсади барангехтани даҳшату тарсу ваҳм миёни мардум паҳн мекунанд. Ба намоиш гузоштани аксҳо ва наворҳои видеоӣ, ки дар он куштори ваҳшиёнаи одамон, зинда ба зинда сӯзогдани одамон дида мешавад, мисоли рӯшанест, ки таъсири ниҳоят манфии рӯҳию равонӣ ба мардуми осоишта мерасонад.

Инчунин, тавассути Интернет барангехтани бадбинии динӣ, миллӣ ва нажодӣ дар миёни аҳолии ин ё он кишвар ҳадафи асосии кибертеррористон ба шумор меравад. Маҳз тарғибу ташвиқот тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки аъзоёни навро аз ҳисоби тоифае аз ҷавонони гумроҳу ҷоҳилу нодон ва аз хавфи ин ҷиноятҳо иттилоъ надошта, ба гурӯҳҳои террористии худ ҷалб намоянд. Коршиносон зимни таҳлилҳои дақиқи худ иброз медоранд, ки тоифае ва ё гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвари мо низ, ба ҳаргуна ҳаракату гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайвастанд ва тибқи таҳлилу тадқиқоти ҷиддӣ аксари беши онҳо маҳз тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми найрангу фиреби ин гурӯҳҳои ифротӣ афтодаанд…

Бисёр ба маврид ва саривақтӣ буд, ки санаи 7-уми ноябри соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”содир гардид. Дар асоси он Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30-юми июни соли 2004 тасдиқ шуд ва тибқи он амнияти иттилоотии мо ба таври ҳамешагӣ ҳифзу назорат карда мешавад”…

Мо-ходимову масъулин ва мутасаддиёну кормандони мақомоти судии кишвар низ дар канор наистода, ҷиҳати мубориза ба ин самти ҷиноятҳои киберии мавҷуда фаъолиятамонро боз ҳам ҷонноктар сохта, баҳри ислоҳ ва комилан бартараф сохтани онҳо саҳми муассир ва ҳиссаи муносибу шоистаи худро хоҳем гузошт.

Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,

Абдулҳамиди Искандарзод.