Ҳамкасбони азиз, ҳозирини гироми,

Дар сиёсати ҳуқуқии кишвари соҳибихтиёрамон Конститутсия мавқеи намоён ва нақши барҷаста дорад. Агар аз як ҷониб дар муқаррароти Конститутсия азму ирода ва орзуву ормони ҳамватанони мо ифода ёфта бошад, аз ҷониби дигар Конститутсия барои тараққиёти давлат ва пешрафти ҷомеа асоси мустаҳками қонунӣ фароҳам сохтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муқаддас ва шаҳодатномаи миллат давоми 30 — сол аст, ки дар самти устувор намудани низоми ҳокимият ва давлатдории мустақиламон ҳиссаи сазовор дорад.

Ҳақиқати бебаҳси таърихӣ аст, ки маҳз бо ташаббус ва икдоми бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид.

Зеро қатъият, ҷасорат ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди вазъияти вазнини ҷанги дохилӣ соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиртон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва кафили истиқлолияти давлатӣ амиқ дарк намуда буданд, ки танҳо бо эҷод намудани фазои ҳуқуқй ва қабл аз ҳама қабули Конститутсия метавон ба сулҳу ваҳдат ноил гардида, ҳадафҳои стратегии мамлакатро амалй намуд.

Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба арзиши Конститутсия ва таъмини риояи муқаррароти онро Пешвои муаззами миллат бисёр муҳим ва зарурй шуморида, дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намуданд:

«Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонй пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.»

Ин гуфтаи Сарвари давлат аз ҳамаи мо тақозо дорад, ки дар асоси муқаррароти Конститутсия фаъолият намуда, дар роҳи амалй намудани ҳадафҳои наҷибу созандаи давлат саҳми намоён дошта бошем.

Лозим ба ёдоварист, ки мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат

муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз файзи истиқлолияти давлатӣ ва асосноккунии ҳуқуқии Конститутсия муттаҳидиву ҳамбастагии миллати моро таҳким бахшида, тараққиёти устувор, пешрафту шукуфой ва зиндагии орому осоиштаи мардумро таъмин намуд.

Дар мазмуну муҳтавои Конститутсия афкору ақидаи инсондӯстона ва адолатпарварона, сулҳхоҳӣ, суннатҳои дӯстии ҷовидона ва ормонҳои волои миллати дарҷ гардидаанд, ки ин хусусияти хос мақоми ҳуқуқй, ҷойгоҳи сиёсй ва арзйшии расмии Конститутсияи моро барҷаста месозад.

Басо рамзӣ ва мантиқӣ аст, ки дар соли таҷлили 30 — солагии қабули Конститутсия аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 — соли маърифати ҳуқуқй эълон карда шуд. Чунки яке аз хусусиятҳои намоёни Конститутсия ин моҳияти маърифатии он ба шумор меравад.

Нақши маърифати ҳуқуқии аҳолй дар рушди давлатдориро Пешвои муаззами миллат пайваста ёдрас мешаванд. Аз ҷумла дар ин хусус зимни яке аз баромадҳояшон чунин баён доштанд:

«Маълум аст, ки рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявй ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолй вобастагии зиёд дорад.»

Дар ҳақиқат ин гуфтаи Пешвои миллат далели он аст, ки таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқй бештар аз ҳама ба сатҳи маърифати ҳуқуқй ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон алоқамандй дорад, ки то куҷо ҳисси эҳтиром ба қонун ва ё худ эҳсоси қонунпазирй доранд. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандй ба риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 саҳифаи наверо дар таърихи мақомоти судии кишварамон боз намуд. Инчунин дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар сатҳи конститутсионй арзиши олӣ эътироф гардид. Дар маҷмуъ метавон зикр намуд, ки дар доираи ислоҳоти конститутсионй дар даврони соҳибихтиёрй фаъолияти ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон тақвият бахшида шуд.

Фаъолият ва мақоми ҳокимияти судй дар конститутсия мақоми хос дорад. Чунин муқаррароти сатҳи олии ҳуқуқй имкон фароҳам овард, ки судҳо дар иҷрои ӯҳдадориҳояшон дар самти таъмини адолати судй, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар асоси талаботҳои қонунҳои танзимкунанда амал намоянд.

Бар замми ин, дар 30-соли амали Конститутсия ҳокимияти судӣ аз нигоҳи таъминот бо биноҳои маъмури, шароити лозимии хизматӣ, ҳайати кадрӣ бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба пешрафтҳои азим ноил гардида мақом ва эътибори суд дар сатҳи ҷомеа баланд гардид. Бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда мақомоти судӣ дар

таъмини адолати судӣ, ки муқаррароти конститутсионӣ мебошад, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар ин зимн бояд таъкид намуд, ки бар асоси модцаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Аз ҷумла ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Аз ин рӯ, ин ҳуқуқи ба тариқи конститутсионӣ кафолат додашуда ҳамчун муносибати ҳуқуқие амалӣ мегардад, ки дар як тараф шахси барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояш муроҷиаткарда ва аз тарафи дигар суд, ки ӯхдадор аст ин муроҷиатро баррасӣ намуда, қарори қонунӣ ва асоснок барорад, баромад мекунад.

Мо дар арафаи 30 — солагии қабули Конститутсияи ҷумҳуриамон қарор дорем. Ҳамаи мо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дорем, ки ин санаи„ хуҷастаро бо ҳиссиёти эҳтиром ба ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқй истиқбол гирем.

Зеро тантанаи вахдати миллӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорй, рушду инкишофи устувор дар марҳилаи имрӯза бо такя ба мазмуну муқаррароти Конститутсия тавассути эҷоди заминаи боэтимоди ҳуқуқй амалй гардида истодааст.

Дар давраҳои минбаъдаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба сатҳу сифати нави рушди иқтисодиву иҷтимой Конститутсия ҳамчун нишонаи аввалин ва муқадцастарини соҳибистиқлолии давлати мо унсури асосй ва рукни муҳим хоҳад буд.

Ҳамаи ҳозиринро бо 30 — солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саломатй, оромию осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва сарбаландй орзу менамоям.

Бигзор ҳар ҳарфу вожаи Конститутсия моро ба сӯи комёбиву дастовардҳои нав дар ҷодаи таҳкими истиқлолият, бақову пойдории ваҳдати миллй ва давлатсозиву соҳибихтиёрй ҳидоят намояд.

Сарфарозу муваффақ бошед.