Вохурии навбати судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҳайати донишҷуёну омӯзгорон
Судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин навбат дар доираи нақшачорабиниҳо бо донишҷуёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии моля ва иқтисоди Тоҷикистон вохурӣ намуданд.
Ҳадаф аз ташкилу баргузор намудани ин мулоқот шарҳу тавзеҳи нишондиҳандаҳои паёми солонаи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод гардид. Таъкид шуд, ки паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамасола бо таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи сиёсати дохили ва хориҷии кишвар ироа мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимму стратегӣ нақши мукамали фаъолияти оянда барои тамоми оянда мансуб мешавад.
Судяҳо дар ҷараёни мулоқот аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маъориф, ки дар пайём ба таври хоса ба он таваҷуҳ зоир гадид барои иштирокчиён ёдовар шуданд.
Инчунин иброз шуд, ки таваҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими инфросохтори соҳаи маориф ва фароҳам сохтани шароити мукамали таҳсили ҳар як ҷавон водор месозад, ки илмҳои муосирро аз худ намояд ва оянда ҳамчун мутахассис дар пешрафти ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ин раванд аз нақши омӯзгорон дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ёдоварӣ гардида ҷиҳати омода намудани донишҷуён ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ таҳкид гардид.
Суди ноҳияи Сино 







