Наврӯз ҷашни бостонии фарҳанг ва рамзи таърихи пурғановати халқи тоҷик.
Наврӯз ҳамчун яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва муқаддаси мардуми тоҷик дорои таърихи чандинҳазорсола буда, рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва нав гардидани зиндагии инсонҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни фархунда аз давраҳои бостон то имрӯз дар сарзамини тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳангу тамаддуни миллӣ мавқеи устувор дорад. Наврӯз аз анъанаҳои куҳани тамаддуни ориёӣ сарчашма гирифта, дар тӯли асрҳо ба сифати мероси гаронбаҳои фарҳангӣ аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Таҷлили он бо расму ойинҳои неку созанда, аз ҷумла поксозии манзилу муҳити зист, шинонидани дарахту ниҳол, омода намудани таомҳои миллӣ, оростани дастархони идона ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ сурат мегирад. Ин анъанаҳо баёнгари эҳтироми мардум ба табиат, меҳнат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мебошанд. Дар баробари ин, Наврӯз ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарэҳтиромӣ ба шумор рафта, дар таҳкими муносибатҳои неки инсонӣ ва густариши фарҳанги ҳамзистии осоишта нақши муҳим дорад. Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни фархунда мардум ба аёдати падару модарон, калонсолон ва хешу табор рафта, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз менамоянд. Чунин суннатҳо ба таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва ҳамдилии ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар замони истиқлолияти давлатӣ таҷлили Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну муҳтавои тоза касб намуда, ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангии давлат мавқеи хос пайдо намудааст. Ин ҷашни бостонӣ на танҳо нишонаи эҳтиром ба таърихи пурифтихори ниёгон, балки рамзи худшиносии миллӣ, ифтихор аз арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад. Имрӯз Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии башарият дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардида, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бо тантана таҷлил мегардад. Барои мардуми Тоҷикистон ин ҷашни бузург рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ормонҳои созандаи ҷомеа мебошад. Таҷлили Наврӯз мардумро ба ободкорӣ, созандагӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллат ҳидоят намуда, барои таҳкими ҳамбастагӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Бигзор ҷашни фархундаи Наврӯз ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, файзу баракат, тандурустӣ ва рӯзгори ободу осуда ато намояд.
Корманди дастгоҳи суди ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе: Назириён Ҷамшед Назир
Суди ноҳияи Сино 

