Суди сайёр – василаи муҳими таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо

Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати ҳуқуқии давлат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ, аз ҷониби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қурбонализода С.Қ. дар бинои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суди сайёр баргузор гардид. Дар доираи суди сайёри мазкур як қатор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла парвандаҳо тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Моддаи мазкур ҷавобгариро барои содир намудани амалҳое пешбинӣ менамояд, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ ва меъёрҳои муқаррарнамудаи қонун мухолиф мебошад ва ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Баргузории суди сайёр дар чунин шакл яке аз тадбирҳои муҳими амалии мақомоти судӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва тарбияи эҳтиром нисбат ба қонун ва арзишҳои ҳуқуқӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, чунин шакли баррасии парвандаҳо ба шаффофияти фаъолияти судҳо ва таҳкими эътимоди ҷомеа нисбат ба мақомоти судӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Зимни баррасии парвандаҳо суд бо риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла принсипҳои қонуният, баробарии тарафҳо дар назди қонун ва суд, беғаразӣ ва адолат, қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул намуд. Таъкид гардид, ки ҳар як ҳуқуқвайронкунӣ, новобаста аз хусусият ва дараҷаи он, боиси татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ мегардад. Дар рафти суди сайёр ба иштирокчиён ва ҳозирин моҳияти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани онҳо ва зарурати риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ин иқдом ба баланд гардидани масъулияти шаҳрвандон ва пешгирии такроршавии чунин қонуншиканиҳо мусоидат мекунад. Дар маҷмӯъ, суди сайёр ҳамчун воситаи муассири фаъолияти судӣ дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини тартиботи ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад. Мақомоти судӣ минбаъд низ чунин чорабиниҳоро идома дода, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд намуд.