Наврӯз пайванди анъана ва ҳуқуқ дар фазои байналмилалӣ
Иди байналмилалии Наврӯз ҳамчун яке аз арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият, рамзи эҳёи табиат, сулҳ ва ҳамдилии мардумон ба шумор меравад. Ин ҷашни куҳанбунёд, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад, на танҳо як маросими суннатӣ, балки падидаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ низ мебошад, ки дар замони муосир мавқеи хос касб намудааст.Бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон, Ҷуҳмҳурии Тоҷикистон тавонист Наврӯзро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Маҳз бо ибтикори роҳбарияти олии кишвар, Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардид. Ин иқдом аҳамияти бузурги ҳуқуқӣ дошта, заминаи таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиро фароҳам овард. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад. Қонунгузории миллӣ ин идро ҳамчун ҷашни расмӣ эътироф намуда, барои ҳифз ва рушди арзишҳои он шароити мусоид фароҳам месозад. Инчунин, санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ба таҳкими мақоми ҳуқуқии Наврӯз мусоидат менамоянд.Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти эҳё ва рушди Наврӯз на танҳо дорои аҳамияти фарҳангӣ, балки дорои заминаҳои амиқи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Онҳо ба таҳкими ваҳдати миллӣ, густариши сулҳу субот ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд. Наврӯз ба сифати воситаи муколамаи тамаддунҳо баромад намуда, арзишҳои умумибашариро тарғиб мекунад. Дар баробари ин, хусусияти бадеии Наврӯз низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Маросимҳои рангоранг, анъанаҳои мардумӣ, суруду рақсу оинҳои қадима ҳама ба як саҳнаи зебои фарҳангӣ табдил меёбанд, ки дар он инсон ва табиат ба ҳам мепайванданд. Ин ҷашн на танҳо қалбҳоро гарм мекунад, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиро тақвият мебахшад. Хулоса, Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангӣ, дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллат, мақоми ҳуқуқӣ ва сиёсиро низ касб намуда, ба яке аз василаҳои муҳими муаррифии давлат ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Таҷлили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳамоҳангии анъана ва ҳуқуқ, фарҳанг ва сиёсат мебошад, ки арзиши беназир дорад.
Судяи суди ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе: Саидназарзода С.С.
Суди ноҳияи Сино 
