Паёми табрикоти Раиси суди ноҳияи Синои шҳари Душанбе бахшида ба рӯзи иди Наврӯзӣ байналмилали
Бо камоли эҳтиром, ихлоси самимӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ, ба мардуми шарафманди тоҷик ва кулли судяҳо, кормандони ҳокимияти судӣ ба ифтихори фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз ҷашни фархундаву хуҷаста, ки аз умқи қарнҳо ба мо расида, таҷассумгари суннатҳои деринаи фарҳанги ориёинажодон ва рамзи ҷовидонаи эҳёи табиат, тантанаи адлу инсоф, пирӯзии нур бар зулмот ва оғози давраи нави зиндагист, сидқан табрик ва таҳният арз менамоям. Наврӯз на танҳо як санаи тақвимӣ, балки ойинаи равшани худшиносии миллӣ, пайванди ногусастании гузашта, имрӯз ва фардои мост. Ин ҷашни муқаддас бо нафаси гарму муаттари баҳорӣ, ботаровату шукуҳи табиати аз нав зиндашуда, қалбҳоро ба нуру сафо фаро гирифта, дар замири инсон эҳсоси умед, эътимод ба фардои дурахшон ва рӯҳияи созандагиро бедор месозад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳои пурфайз инсон ба қадри сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва арзишҳои инсонпарварона бештар мерасад. Дар партави сиёсати давлату ҳукумати кишвар ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз чун омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамгироӣ ва муколамаи тамаддунҳо дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Ин ифтихори бузург моро водор месозад, ки ба ҳифз ва рушди ин мероси гаронбаҳои ниёгон бо эҳсоси баланди масъулият муносибат намоем. Дар ин айёми саодатбахшу рӯҳафзо, ба ҳар яки Шумо — шаҳрвандони азиз, ҳамкорони гиромӣ, судяҳои муҳтарам ва кормандони содиқи дастгоҳи суд саломатии комил, неруи тоза, иродаи қавӣ, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои арзанда дар фаъолияти пуршарафи ҳифзи адолат орзу менамоям. Бигзор Наврӯзи хуҷаста ба ҳар як хонадони Шумо файзу баракат, оромию субот, меҳру муҳаббат ва шодиву нишоти ҷовидона оварад. Итминон дорам, ки бо руҳияи баланди ватандорӣ, садоқат ба қонун ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа, мо минбаъд низ дар роҳи таҳкими адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд саҳми арзандаи худро мегузорем.
Наврӯз муборак бод!
Бо камоли эҳтиром,
Раисаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе: Саидзода Г.И.
Суди ноҳияи Сино 
