МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ШАРИКИИ ДАРОЗМУДДАТ
Дар партави сиёсати мутавозин ва созандаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари хизматии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун рӯйдоди муҳим ва тақдирсоз дар рушди муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ мегардад. Ин сафар идомаи мантиқии равандҳои мусбати солҳои охир буда, ба густариши бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими шарикии стратегӣ миёни ду кишвари ҳамсоя заминаи устувор фароҳам меорад. Дар доираи сафари мазкур мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Зимни ин мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар рӯҳияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду савдо равона гардид. Ҷонибҳо зикр карданд, ки солҳои охир гардиши савдои мутақобила миёни ду кишвар тамоюли афзоиш дошта, имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз ҳам зиёданд. Дар ин замина, масъалаҳои диверсификатсияи содироту воридот, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои калони саноатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Соҳаи энергетика низ ҳамчун яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо ба истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ, рушди энергетикаи «сабз», аз ҷумла гидроэнергетика ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин самт аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини устувори неруи барқ ва ҳамоҳангсозии низомҳои энергетикӣ баррасӣ шуданд. Дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия ба рушди долонҳои транзитӣ ва логистикӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки ҷойгиршавии ҷуғрофии ду кишвар имкониятҳои васеъро барои табдил ёфтан ба гиреҳи муҳими транзитӣ дар минтақа фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бору мусофир мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ низ мавқеи муҳим доштанд. Ҷонибҳо ба татбиқи технологияҳои муосир, мубодилаи таҷриба дар самти истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин замина, имкониятҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ таъкид гардид. Густариши робитаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмӣ-техникӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими дӯстии мардумон арзёбӣ шуд. Тарафҳо ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуда, баргузории чорабиниҳои муштарак, табодули донишҷӯён ва мутахассисонро муҳим донистанд. Ҳамзамон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд. Ҷонибҳо мавқеи муштаракро нисбат ба мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, радикализм ва ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намуданд. Инчунин, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳо, қайд карда шуд. Дар натиҷаи музокирот як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки бахшҳои гуногуни муносибатҳои ду кишварро фаро гирифта, заминаи ҳуқуқию шартномавии онҳоро боз ҳам тақвият мебахшанд. Ин санадҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддат такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Сафари хизматии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар аҳамияти сиёсати «ҳамсоягии нек», эҳтироми мутақобил ва эътимоди сиёсиро собит намуда, ҳамчун марҳалаи нави рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ байни ду кишвар арзёбӣ мегардад. Бо дарназардошти натиҷаҳои бадастомада, метавон бо итминон изҳор дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар оянда низ бо суръати устувор рушд ёфта, ба таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардумони ҳар ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Судяи суди ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе: Сафарзода А.З.
Суди ноҳияи Сино 

