САФАРИ ХИЗМАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БОЗДИД АЗ ОРОМГОҲИ ШОҲ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ҲАМЧУН РАМЗИ АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар доираи сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи поягузори давлати мутамаркази тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ боздиди расмӣ ба амал оварданд.Ин боздид дар фазои тантанавӣ ва пур аз эҳтирому арҷгузорӣ баргузор гардида, ҳамчун бахши муҳими барномаи сафари хизматии Пешвои миллат арзёбӣ мегардад. Таъкид бояд кард, ки симои Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар таърихи миллат ҳамчун рамзи давлатдорӣ, эҳёи фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Дар даврони ҳукмронии ӯ пояҳои давлати мутамаркази тоҷикон устувор гардида, забону фарҳанги миллӣ рушд ёфт ва заминаҳои ташаккули тамаддуни ғании тоҷикон гузошта шуд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба мероси ин шахсияти бузург, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат мебошад. Боздиди Пешвои миллат аз оромгоҳи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар доираи сафари хизматӣ маънои амиқи сиёсиву фарҳангӣ дошта, ҳамчун рамзи пайванди наслҳо, эҳтиром ба гузашта ва масъулият дар назди ояндаи миллат маънидод мегардад. Ин иқдом бори дигар собит менамояд, ки сиёсати давлатӣ ба ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии таърихӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, ин боздид дорои аҳамияти минтақавӣ низ мебошад. Зеро мероси тамаддунии давлати Сомониён, ки яке аз марҳилаҳои дурахшони таърихи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, на танҳо ба халқи тоҷик, балки ба тамоми халқҳои минтақа тааллуқ дорад.

Дар ин замина, арҷгузорӣ ба чунин шахсиятҳои таърихӣ метавонад ҳамчун робитаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳо хизмат намояд. Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромадааст. Дар чунин шароит, боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла оромгоҳи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ба таҳкими робитаҳои гуманитарӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат менамояд. Инчунин, таваҷҷуҳи  махсус ба масъалаҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва тарғиби он дар арсаи байналмилалӣ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки омӯзиш, ҳифз ва муаррифии осори таърихӣ барои боло бурдани нуфузи давлат ва таҳкими ҳувияти миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Боздиди Пешвои миллат аз оромгоҳи Шоҳ Исмоили Сомонӣ инчунин паёми равшане ба ҷомеа мебошад, ки эҳтиром ба таърих, пос доштани хотираи ниёгон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои бузург бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ ва зиндагии иҷтимоӣ қарор дошта бошад. Дар маҷмӯъ, сафари хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боздид аз оромгоҳи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсиву фарҳангӣ арзёбӣ гардида, аҳамияти он дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи пурғановат ва густариши ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳои минтақа бениҳоят бузург мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ идома ёфта, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди фарҳанг ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ мусоидат хоҳанд кард.

Пристави судии суди

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:            Иномзода А.Ш.