Омилҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он (таҷриба ва амалияи суди)
Оила ҳамчун ниҳоди муқаддас ва пояи асосии ҷомеа дар ташаккули шахсият, тарбияи насли солим ва таҳкими суботи иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Дар фарҳанги миллии тоҷикон оиладорӣ ҳамеша бо арзишҳои баланд, эҳтиром, вафодорӣ, сабру таҳаммул ва масъулият, пайваст мебошад. Бо вуҷуди ин, дар шароити муосир мушоҳида мегардад, ки масъалаи вайроншавии оилаҳои ҷавон ба яке аз мушкилоти мубрами ҷомеа табдил ёфтааст. Афзоиши шумораи бекоршавии ақди никоҳ, махсусан миёни ҷавонон, на танҳо ба вазъи иҷтимоӣ, балки ба тарбияи фарзандон ва суботи маънавии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, омӯзиши омилҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон ва муайян намудани роҳҳои муассири пешгирии он, бо такя ба таҷриба ва амалияи суд, аҳамияти муҳим дорад. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки омилҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон гуногунҷанба буда, онҳоро метавон ба якчанд гурӯҳ ҷудо кард. Яке аз омилҳои асосӣ мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад. Дар амалияи судӣ дида мешавад, ки норасоии шароити моддӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва набудани манбаи устувори даромад боиси ихтилофҳои пайваста миёни ҳамсарон мегардад. Дар чунин ҳолатҳо фишори равонӣ афзуда, муносибатҳои оилавӣ тадриҷан сард мешаванд. Омили дигар паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги оиладорӣ мебошад. Бисёре аз ҷавонон бе донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ба ҳаёти оилавӣ ворид мегарданд. Ин нодонӣ сабаби ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо ва баҳсҳои ҳуқуқӣ мегардад, ки дар ниҳоят ба муроҷиат ба суд меорад. Ҳамзамон, омилҳои маънавӣ-ахлоқӣ низ нақши муҳим доранд. Набудани эҳтироми тарафайн, дахолати беҷои шахсони сеюм, бахусус хешовандон, рашк, беэътимодӣ ва беаҳамиятӣ нисбат ба масъулиятҳои оилавӣ аз ҷумлаи сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари ин, набудани омодагии равонӣ ба ҳаёти мустақили оилавӣ низ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҷавонон аксаран бе таҷриба ва малакаи идоракунии муноқишаҳо оила бунёд мекунанд. Дар натиҷа, ҳатто ихтилофҳои хурд метавонанд ба низоъҳои ҷиддӣ табдил ёбанд. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо зӯроварии оилавӣ низ сабаби муроҷиат ба суд мегардад. Ин гуна ҳолатҳо на танҳо ба ҳуқуқу манфиатҳои ҳамсар, балки ба рӯҳия ва тарбияи кӯдакон низ таъсири манфӣ мерасонанд. Таҷриба ва амалияи судии таҳлили парвандаҳои баррасишуда нишон медиҳад, ки судҳо дар ҳаллу фасли баҳсҳои оилавӣ танҳо бо қабули қарор маҳдуд намешаванд. Баръакс, онҳо кӯшиш менамоянд, ки оиларо ҳифз намуда, барои барқарор намудани муносибатҳои солим мусоидат кунанд. Дар амалияи судӣ, пеш аз баррасии моҳиятии парванда, бо тарафҳо суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ба онҳо аҳамияти оила, масъулияти падару модар ва таъсири ҷудошавӣ ба кӯдакон шарҳ дода мешавад. Ин раванд хусусияти тарбиявӣ дошта, дар бисёр ҳолатҳо натиҷаи мусбат медиҳад. Инчунин, суд метавонад ба тарафҳо муҳлати оштишавӣ таъин намояд. Дар ин давра ҳамсарон имконият пайдо мекунанд, ки муносибатҳои худро аз нав баррасӣ намуда, ба хулосаи оқилона оянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар як қатор ҳолатҳо оилаҳо маҳз дар ҳамин марҳила аз вайроншавӣ наҷот меёбанд. Ҳангоми баррасии парвандаҳо суд ҳамеша манфиатҳои кӯдаконро дар ҷойи аввал мегузорад. Ҷалби мақомоти васоят ва парасторӣ, омӯзиши шароити зиндагӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷумлаи чораҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Бо ин ҳама, ҳолатҳое низ мавҷуданд, ки идомаи зиндагии муштарак ғайриимкон мебошад. Дар чунин ҳолатҳо суд бо дарназардошти талаботи қонунгузорӣ қарор қабул намуда, ҳамзамон кӯшиш мекунад, ки оқибатҳои манфии ҷудошавиро кам намояд. Бо мақсади коҳиш додани сатҳи вайроншавии оилаҳо, андешидани чораҳои пешгирикунанда зарур мебошад. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти калидӣ дорад. Зарур аст, ки пеш аз ақди никоҳ бо ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳои оилавӣ шарҳ дода шавад. Инчунин, омодасозии равонӣ ба ҳаёти оилавӣ бояд тақвият дода шавад. Ташкили машваратҳо ва тренингҳо оид ба фарҳанги муошират, идоракунии муноқишаҳо ва эҳтироми тарафайн метавонад дар пешгирии бисёр мушкилот мусоидат намояд. Нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғиби арзишҳои оилавӣ низ хеле муҳим аст. Тарбияи эҳсоси масъулият, сабру таҳаммул ва муҳаббат бояд аз давраи наврасӣ оғоз гардад. Дар баробари ин, пешгирии зӯроварии оилавӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад. Тақвияти механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии иҷтимоӣ барои шахсони осебпазир зарур мебошад. Ҳамчунин, густариши ҳамкорӣ миёни суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои дахлдор метавонад ба ҳалли саривақтии мушкилоти оилавӣ мусоидат намояд. Таъкид бояд намуд, ки пойдории оилаҳои ҷавон кафили рушди устувори ҷомеа мебошад. Вайроншавии оилаҳо оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, ба ояндаи ҷомеа таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар як узви ҷомеа, махсусан ҷавонон, бояд масъулияти оиладориро амиқ дарк намоянд. Танҳо дар сурати ҳамгироии кӯшишҳои давлат, суд ва ҷомеа метавон сатҳи вайроншавии оилаҳоро коҳиш дода, барои бунёди оилаҳои солим заминаи устувор фароҳам овард.
Судяи суди ноҳияи
Синои шҳари Душанбе: Умарзода М.М.
Суди ноҳияи Сино 
