Суди сайёри навбати вобаста ба парвандаи маданӣ

 

Дар асоси нақшаи кори Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмон Д.С. ва бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Содиқзода А., дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар суроғаи кӯчаи Маяковский, хобгоҳи №4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мурофиаи сайёри судӣ оид ба баррасии парвандаи маданӣ баргузор гардид. Мақсади гузаронидани мурофиаи сайёр таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба адолати судӣ, баррасии саривақтии парвандаҳои маданӣ дар маҳалли зист ё фаъолияти тарафҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи шаффофияти раванди судӣ мебошад. Дар рафти мурофиа тарафҳои парванда иштирок намуда, ба онҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавии онҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд. Ҳуҷҷатҳо ва далелҳои пешниҳодшуда аз ҷониби суд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Судя Раҳмон Д.С. ҷараёни баррасии парвандаро тибқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамаи иштирокчиёни парванда бояд принсипҳои адолат, баробарӣ дар назди қонун ва риояи тартиби судиро таъмин намоянд. Котиби маҷлиси судӣ Содиқзода А. протоколи маҷлиси судиро тибқи талаботи қонунгузорӣ ба таври дуруст ва саривақтӣ ба қайд гирифт. Мурофиаи сайёр дар фазои ором ва тибқи тартиби муқарраргардида баргузор гардида, барои идомаи баррасии парванда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ин гуна гузаронидани мурофиаҳои сайёр минбаъд низ дар доираи фаъолияти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дода шуда, ба беҳтар гардидани дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ мусоидат менамояд.