Шанбегии навбати дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман”
Тозагӣ ва ободонӣ яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Муҳити тоза на танҳо ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад, балки сатҳи фарҳангу маърифати моро низ инъикос мекунад. Аз ин рӯ, баргузор намудани шанбегиҳои дастаҷамъона як иқдоми муҳим дар самти нигоҳдории тартибу низом ва ободонии муҳити корӣ мебошад. Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки дар ҳудуди Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шанбегии таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” баргузор намоем. Ҳадафи асосии ин иқдом – тоза ва ороста нигоҳ доштани иншооти суд, каналу ҷӯйборҳо, майдончаҳои варзишӣ ва гирду атрофи бино мебошад. Дар доираи шанбегӣ корҳои зерин ба анҷом расонида шуд:
· тоза намудани дохили бино ва ҳуҷраҳои корӣ;
· ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо;
· поксозии каналу ҷӯйборҳо аз лой ва партов;
· ободонии майдончаҳои варзишӣ;
· сабзкорӣ ва нигоҳубини дарахту гулҳо дар атрофи бино.
Ҳар яки мо бояд дар ин кор саҳми худро гузорем, зеро муҳити кории тоза ва озода ба фаъолияти босамар ва рӯҳияи хуби кормандон мусоидат мекунад. Инчунин, чунин тадбирҳо ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба муҳити зистро дар байни кормандон тақвият мебахшанд. Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши якҷоя мо метавонем муҳити Суди ноҳияи Синоро боз ҳам зеботар ва намунавӣ гардонем.
Суди ноҳияи Сино 










