Аксияи умумии шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман»

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суди ноҳияи Сино аксияи умумии шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин иқдоми муҳими ҷамъиятӣ ҷалби сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон, ба иштироки фаъолона дар корҳои таъмин намудани тозагӣ, ободонӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии муҳити шаҳр мебошад. Дар доираи аксияи мазкур кормандони суди ноҳияи Сино бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар шанбегӣ фаъолона иштирок намуда, дар тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф, ҷамъоварии партовҳо ва ободу зебо гардонидани муҳити корӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин ташаббусҳо барои баланд бардоштани маърифати экологӣ, тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ миёни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, мусоидат менамоянд. Суди ноҳияи Синои шари Душанбе минбаъд низ ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаву ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди пойтахти азизамон шаҳри Душанбе тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.