Ваҳдати миллӣ пояи устувори давлатдории тоҷикон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот

 

Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, мардуми Тоҷикистон тавонистанд бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро интихоб намоянд. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти ҷомеа хизмат мекунад. Барои ҳар як миллат, ваҳдат ва ягонагӣ арзиши муқаддас мебошад. Миллате, ки иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад, метавонад давлатдории худро устувор гардонда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда касб намояд. Таҷрибаи Тоҷикистон собит намуд, ки танҳо тавассути сулҳ ва ваҳдат метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати демократиро бунёд кард. Таърихи давлатдории тоҷикон решаҳои амиқ ва ҳазорсола дорад. Халқи тоҷик аз қадим соҳиби фарҳанг, тамаддун ва давлатдории мустақил буд. Давлатҳои қадимаи ориёӣ, аз ҷумла давлати Сомониён, намунаи олии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи Сомониён илм, фарҳанг, адабиёт ва иқтисодиёт рушд намуда, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми баланд пайдо кард. Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён тоҷикон давраҳои гуногуни таърихиро аз сар гузарониданд. Бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ, миллат тавонист забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худро ҳифз намояд. Дар асри ХХ Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт ва баъдан 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро ба даст овард.Дар таърихи навини Тоҷикистон нақши президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург мебошад. Маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосии худро барқарор намудани сулҳ, муттаҳид сохтани миллат ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ қарор доданд. Музокироти сулҳ, ки бо иштироки қувваҳои гуногуни сиёсӣ баргузор гардиданд, ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оварда расониданд.27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардид. Дар ин рӯз Созишномаи сулҳ ба имзо расид ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Ин ҳодиса оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва рушди ҷомеаи тоҷикон гардид. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари ором, обод ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Ваҳдати миллӣ барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Пас аз барқарор гардидани сулҳ дар Тоҷикистон сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ вусъат ёфт. Давлат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди соҳаҳои мухталиф барномаҳои муҳимро амалӣ намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор эътироф шудааст. Пешниҳодҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, иқлим ва ҳамкории минтақавӣ нишон медиҳанд, ки кишвар дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад. Ваҳдати миллӣ инчунин барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти калон дорад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки сулҳу субот осон ба даст наомадааст ва ҳифзи он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳар сол 27 июн дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардуми тоҷик мебошад. Дар ин рӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмӣ ва барномаҳои идона баргузор мегарданд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ на танҳо як санаи таърихӣ, балки мактаби бузурги тарбияи сиёсиву маънавӣ мебошад. Он ба мардум хотиррасон мекунад, ки сулҳ ва оромӣ арзиши олӣ дошта, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси суботи конститутсионӣ ва пойдории давлат хизмат мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баробарӣ ва ҳамзистии осоиштаи ҳамаи қишрҳои ҷомеаро кафолат медиҳад. Ин арзишҳо маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат метавонанд пурра амалӣ гарданд.Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик ва асоси пойдории давлатдории миллӣ мебошад. Бо шарофати сулҳу субот Тоҷикистон тавонист роҳи рушди устуворро интихоб намояд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми арзанда пайдо кунад.Нақши перзиденти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ басо муҳим ва таърихӣ мебошад. Хизматҳои Пешвои миллат дар муттаҳид намудани ҷомеа ва ҳифзи давлатдорӣ барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳифз намудани сулҳ, эҳтироми ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан мебошад. Зеро танҳо дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагӣ миллат метавонад ба қуллаҳои нави тараққиёт бирасад.
Корманди дастгоҳӣ суди
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе: Давлатова М.Ҳ.