Вохӯрии навбатии судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе»

 

Ин навбат мулоқоти судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар оғоз аз татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳамсозии шароити замонавии таҳсил барои наврасону ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки маориф дар Тоҷикистон самти афзалиятнок ва ояндадор дониста мешавад. Дар ин замина ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои нави таълимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуда, шароити таҳсилу илмомӯзии наврасону ҷавонон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар баробари ин, хонандагонро лозим аст, ки бо донишу рафтори намунавӣ таҳсилро идома дода, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида ба давлату миллат хизмати содиқона намоянд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон аз нақши омӯзгор дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ватандӯсту хештанши

нос ёдовар гардида, пайваста баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф аз дастгириҳои муҳими Ҳукумати кишвар дар ин самт маънидод карда шуд. Иброз гардид, ки омӯзгоронро зарур аст, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи насли наврас равона намуда, тарбияи онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба роҳ монда, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ диҳанд. Дар идома судяҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», масоили марбут ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҷиноятҳои вобаста ба экстремизм ва терроризм, ҷиноятҳои кибернетикӣ, савдои одамон, зӯроварӣ дар оила, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030, пешгирии вайроншавии оилаҳо, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва дигар ҷанбаҳои қонунгузории миллӣ ибрози назар намуданд.