Аксияи умумии шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман»

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксияи умумии шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳадафи асосии баргузории ин аксия ҷалби сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон, ба иштироки фаъолона дар корҳои таъмин намудани тозагӣ, ободонӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии муҳити шаҳр мебошад. Қобили зикр аст, ки корҳои зикргардида бо иштироки фаъолонаи кормандони Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амалӣ гардида, онҳо дар татбиқи ин иқдоми муҳим саҳми назаррас гузоштанд. Дар доираи аксия диққати асосӣ ба тоза намудани кӯчаву хиёбонҳо, поксозии каналу ҷӯйборҳо, ободонии майдончаҳои варзишӣ, инчунин ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишӣ равона карда шуд. Дар ҷараёни баргузории аксия корҳои зерин анҷом дода шуданд:
• Шинонидани ниҳолҳо;
• поксозии каналу ҷӯйборҳо аз партов ва ифлосиҳо;
• ба тартиб даровардани майдончаҳои варзишӣ;
• гузаронидани корҳои тозагӣ дар ҳудуди гирду атроф.
Ин ташаббус ба баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандон нисбат ба муҳити зист ва рушди ҳисси ватандӯстиву саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳр равона гардидааст. Қобили зикр аст, ки иштироки ҷавонон ва кормандони муассисаҳо дар чунин чорабиниҳо дар тарбияи муносибати эҳтиёткорона ба табиат, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад. Аксияи «Саҳми ман дар шаҳри ман» намунаи равшани ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносии сокинон гардида, барои саҳмгузорӣ дар тозагӣ ва пешрафти пойтахт заминаи мусоид фароҳам овард. Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо саъю талоши якҷоя шаҳри Душанбе минбаъд низ боз ҳам тозатар, ободтар ва зеботар мегардад.