Баргузории суди сайёр вобаста ба парвандаи оилавӣ
Санаи 01 апрели соли 2026 дар доираи таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷониби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қурбонализода С.Қ. суди сайёр баргузор гардид. Дар ҷараёни суди сайёр парвандаи оилавӣ оид ба масъалаи маскун намудани модар ва кӯдак мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимни баррасии парванда ҳолатҳои воқеӣ ҳамаҷониба, пурра ва беғаразона таҳқиқ гардида, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии тарафҳо, бахусус манфиатҳои кӯдак, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Суд бо дарназардошти меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ва бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, як қатор амалётҳо ва тадбирҳо андешид. Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин судҳои сайёр ба таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии баҳсҳои оилавӣ мусоидат менамояд. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе минбаъд низ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Судя суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе: Қурбонализода С.Қ.
Суди ноҳияи Сино 



