МАҶЛИСИ ФАВРӢ

МАҶЛИСИ ФАВРӢ БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ, СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВОБАСТА БА ОМӮЗИШИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН БАРОИ СОЛҲОИ 2021 – 2025

Аз рӯйи ин масъала Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рушанзода Суҳроб Рушан баромад карда қайд намуд, ки Консепсияи давлатиро ҳаматарафа омӯхта, катъиян талаботҳои он ба иҷро расонида шавад.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро зарур аст, ки вобаста ба Консепсияи мазкур дар вохурию суҳбатҳо бо аҳоли, донишҷӯёну хонандагон ва дигар табақаҳои ҷомеа, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро тавзеҳ дода шаҳрвандон, ҷавонон, наврасон ва дигар табақаҳои ҷомеаро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худдорӣ кардан аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла ҷараёнҳои динии фаъолияташон манъшуда, ҳидоят намоянд.

Сипас судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бобозода А.Б. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро хонда, нуқтаҳои он мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муовинони Раиси суд ва судяҳо фикру ақидаҳои худро вобаста ба омӯзиши Консепсияи мазкур иброз намуданд.