МАҶЛИСИ СУДИ САЙЁР: ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН
Дар доираи сиёсати давлат оид ба таҳкими қонуният ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар суроғаи кӯчаи А. Сино 132/5, суди сайёр аз ҷониби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Аҳмадзода Ф.М. бо котибии Бобоева М.А. баргузор гардид. Баргузории судҳои сайёр ҳамчун яке аз шаклҳои самараноки татбиқи адолати судӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ, шаффофият ва ошкоро будани мурофиаҳо равона гардидааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки аҳолӣ бевосита дар раванди баррасии парвандаҳо иштирок намуда, сатҳи маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд. Дар рафти суди сайёр як қатор парвандаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, парвандаҳо вобаста ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳое, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ менамоянд, баррасӣ гардиданд. Ҳангоми баррасии парвандаҳо принсипҳои асосии мурофиаи судӣ, аз қабили қонуният, баробарии тарафҳо дар назди қонун ва суд, ошкоро будани мурофиа ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиён пурра риоя карда шуданд. Ҷанбаи муҳими чунин чорабинӣ дар он зоҳир мегардад, ки суди сайёр на танҳо воситаи баррасии парвандаҳо, балки омили муҳими тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ ба ҳисоб меравад
Иштироки бевоситаи аҳолӣ дар мурофиаҳо ба баланд гардидани эҳсоси масъулият, эҳтиром ба қонун ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд. Инчунин, таъкид гардид, ки ҳар як ҳуқуқвайронкунӣ, новобаста аз хусусият ва дараҷаи он, тибқи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ гардида, нисбати шахсони гунаҳкор чораҳои таъсиррасони қонунӣ татбиқ карда мешаванд. Ин ҳолат барои таъмини адолати иҷтимоӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар маҷмӯъ, баргузории суди сайёр дар маҳалҳо ҳамчун василаи муассири пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими қонуният арзёбӣ мегардад. Судҳои сайёр минбаъд низ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим хоҳанд бозид. Суди сайёр ҳамчун як институти муҳими низоми судӣ, на танҳо адолати судиро таъмин менамояд, балки дар тарбияи ҳуқуқии ҷомеа ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳми назаррас дорад.
Суди ноҳияи Сино 
