МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

СУХАНИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар раванди дигаргуниҳои куллӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат таҷлил менамоянд.

Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор рафта, аз замонҳои қадим нишонаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шукӯҳу ифтихор дониста мешавад. Дар парчами миллату давлатҳои олам нишонаҳои арзишманди фарҳанг ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд.

Гузаштагони пурифтихори мо ҳазорсолаҳо зери ливои ваҳдату ягонагӣ ва ҳамандешӣ ватану миллат, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ин лиҳоз, парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

«Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».

Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик башорат медиҳад.

Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, иқболи баланд, умед ба ояндаи нек ва сарбаландии миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд талош намоем, ки парчами давлатӣ ҳар фарди банангу номуси кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштани ин марзу бумро бамаротиб зиёд менамояд, зеро парчами давлатӣ рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмӯъ, ба тамоми арзишҳо ахлоқию маънавии кишвар мебошад.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра чи дар чорабиниҳои сиёсӣ, чӣ дар анҷуманҳои фарҳангӣ ва чӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз гул–гулшукуфӣ ва пешрафти давлати тоҷикон ва баланд гаштани мақому манзалати он дар арсаи байналхалқӣ башорат медиҳад.

Рӯзи парчами давлатиро ба Шумо – ҳамкорони азиз табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.

Рӯзи парчами давлатӣ муборак бод.

Саломату сарбаланд бошед.

СУҲРОБ РУШАНЗОДА

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе