МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саҳмгузориҳои намоёни таърихӣ ва заҳматҳои фидокоронаву бузурги Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама арсаҳои ҳаёти ҷомеа намоён ва назаррас буда, самаранокии идоракунии президентаро дар низоми сиёсиву ҳуқуқии давлатдории миллӣ собит менамояд.

Ба касе пӯшида нест, ки эълони истиқлолият барои миллати тоҷик ба осонӣ муяссар гардид, лек ҳифзи он аз хатари нобудӣ самараи ғайрату шуҷоати Президенти мамлакат аст, аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, балки поягузори истиқлолияти давлатӣ низ ба шумор мераванд.

Бақои миллат, пойдории истиқлолияти давлатӣ, инчунин ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули хиради бузург, талоши ватандӯстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва икдомҳои таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Президенти кишварамон ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъмикунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хизматиашон то ба имрӯз диққати асосӣ медиҳанд.

Самараи чунин диққати махсуси Пешвои миллат аст, ки дар 29 – соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон барои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, сол то сол устувору мустаҳкам мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон икдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи замони соҳибихтиёрии давлат ва озодии миллатамон мебошанд.

Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор намуда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба низом даровард ва муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду ваҳдати миллиро таъмин намуд.

Аз он нигоҳ ки маҳз қатъият, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят тариқи баргузории райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Президенти кишвари мустақиламон масъулията ҳомии Конститутсия, кафили истиқлолияти давлатӣ ва бақои миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки далели интихоби дурусти шакли идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани эътибори мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он низ маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Пешвои миллат амри воқеӣ шуд. Бо назардошти нақши муҳими судҳо дар ҳаёти ҷомеа сарвари давлат таъкид намуданд, ки «имрӯз барои ҷомеаи навини тоҷикон суди бо мазмуни аслиаш пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур аст».

Шинохти тоҷикон ҳамчун миллати вахдатпарвар ва ситоиш аз таҷрибаи сулҳофарии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ натиҷаи кӯшишу талоши қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Аз ин ҷост, ки мо ба вахдати деринтизори тоҷикон аз дилхоҳ пахдӯ назар кунем, он бо ташаббускориву иқдомҷӯӣ ва ватандӯстии Пешвои сулҳофари миллат ба таври абадӣ вобаста аст, зеро ин абармарди сиёсат шоҳроҳи бузурги сарварию давлатдории хешро бо паёми сулҳ оғоз ниҳоданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии кишвар ва сарнавишти мардумро ба дӯши хеш гирифтан бо халқ самимӣ буданд ва то имрӯз низ чунин ҳиссиёти наҷиби хешро дар таҷрибаи давлатдорӣ ва фаъолияти мактаби сиёсиашон ҳамчун унсури муҳим ва асоси иртиботи байни сарвари ҷумҳурӣ бо аҳолии он пайваста зоҳир менамоянд.

Пешвои миллат ҳамеша аз ҷонибдориву пуштибонии халқи шарафманди Тоҷикистон бархӯрдор ҳастанд ва бояд бигӯем, ки на ба ҳар роҳбару сарвар муяссар мегардад, ки тӯли даҳсолаҳо чунин сатҳи баланди пуштибонии афзояндаи мардумӣ дошта бошад.

Таҷлили Рӯзи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҷашни қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳиссагузориҳои арзанда ва хидматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллатамон буда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» зарурати таърихие буд, ки амалӣ гардид.

Талошу кӯшишу беназири Пешвои миллат дар ҷодаи поягузорӣ ва таҳкимбахшии истиқлолияти давлатй тавассута эҷоди фазои сулҳ, эъмори низоми ҳуқуқӣ ва қонунӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, эҳёи иқтисод ва таъмини рушди устувор, бехдошти сатҳи иҷтимоии шоиста, боло бурдани эътибори байналмилалии Тоҷикистон арзиш ва моҳияти барҷаста дорад.

Танҳо моро лозим аст, ки таҳти сарварию роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ азму нияти қавӣ нишон дода, пайравони содиқу вафодори Пешвои муаззами миллат бошем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод.

Саломату комёб бошед.

РУШАНЗОДА СУҲРОБ РУШАН

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе