МАҶЛИСИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА ҶАШНИ 8 МАРТ РӮЗИ МОДАРОН ВА БОНУВОН

Бонувони олиқадр, ҳамкорони гироми!

Бо изҳори самимият фарорасии Рӯзи мубораки «Модар» — ро ба Шумоён бонувону модарони азиз самимона шодбош гуфта, хушиҳои умр, саодату иқболи баланда зиндагиро таманно менамоям.

Боиси хушнудист, ки фарорасии баҳори оламафрӯз ба Иди модарони азиз рост меояд, зеро зан — модар рисолати зебоӣ дошта, ҳамаи покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони пурмеҳраш оғоз мегардад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба болоравии мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намуда, таъкид намудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан — модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад».

Бо мақсади татбиқ, намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар мақомоти судии мамлакат ҷихати дастгирии ҳамешагии занон ва модарон тадбирҳои назаррас андешида шуда истодааст. Фаъолияти ибратбахши занон хусусан дар самти таъмини волоияти қонун ва адолати судӣ хусусан дар Суди нохияи Сино назаррас аст.

Дар ситоиши зан — модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳануз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озодихоҳ, зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару Гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад.

Модарон имрӯз фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Бори дигар ин айёми фархундаи сол, фарорасии баҳори нозанин ва Рӯзи мубораки модарро ба ҳар яки Шумо табрик гуфта, ба Шумоён тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати умр, рӯзгори бобаракат ва пешрафту муваффақият таманно дорам.

Ид муборак, модарону бонувоии азиз!