Нақши мақомоти судӣ дар таҳкими адолат ва волоияти қонун

Мақомоти судӣ ҳамчун рукни муҳими сохтори давлатӣ дар таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва таъмини адолат дар ҷомеа нақши беназир дорад. Фаъолияти кормандони мақомоти судӣ асоси пойдорӣ ва самаранокии низоми адолати судиро ташкил медиҳанд. Бо ин хотир, таҷлил намудани Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҳамчун ҷашни касбӣ ҷиҳати арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои онҳо аҳамияти махсус дорад.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешқадамтарини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ҳифзи судист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намудааст. Ҳокимияти судӣ яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад менамояд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 силсилаи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷиҷиктон «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи судҳои иқтисодӣ» ва «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд, ки барои ташаккули низоми ягонаи судии кишвар заминаҳои мусоидро фароҳам оварданд. Қабули ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ барои рушди ҳокимияти судӣ, ҳамчун рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ мусоидат намуда, аз дигар ҷониб барои ташаккули ҳайати нави низоми судии кишвар бо тартиби муқаррарнамудаи қонун замина гузоштанд. Бо вуҷуди мушкилиҳои солҳои аввали касбӣ истиқлолияти давлатӣ метавон изҳор дошт, ки аз ҷониби судяҳои низоми судии кишвар дар самти баамалбарории адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонуният ва волоияти қонун корҳои арзанда ва шоистае анҷом дода шудаанд. Дар асоси қонунгузории мурофиавӣ парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои асоснок ва қонунӣ қабул карда шуданд.

Волоияти қонун — яке аз асосҳои давлатдорӣ ва ҳаёти демократӣ мебошад, ки бе фаъолияти масъулиятнок ва боэътимоди кормандони судӣ имконнопазир аст. Ин нерӯҳои касбӣ дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини баробарии тарафҳо дар мурофиаҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши калидӣ доранд. Дар ин раванд, на танҳо судяҳо, балки кормандони дастгоҳи судҳо, аз қабили котибони маҷлиси судӣ, мутахассисон ва дигар хизматчиёни соҳа саҳми назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин, ҳар корманди мақомотро зарур аст бо шукргузорӣ аз истиқлолияту соҳибихтиёрии миллии худ барои давлат ва халқи тоҷик хизмати софдилонаву мардонаро анҷом дода, дар таъмини воқеии адолати судии кишвар нақши созандаи худро гузорад.

Корманди мақомоти судӣ на танҳо вазифадор аст, ки санадҳои судиро дуруст ва саривақт омода созад, балки бояд шаффофият ва риояи меъёрҳои ахлоқии касбиро таъмин намояд. Дар ин замина, омӯзиши доимӣ, касбияти баланд ва масъулияти иҷтимоӣ шарти муҳимтарини иҷрои вазифаҳои судӣ мебошад.

Рӯзи кормандони мақомоти судӣ на танҳо ҷашни касбӣ, балки арҷгузории шоиста ба хизматҳои содиқона ва масъулиятноки кормандони мақомоти судӣ мебошад. Бо эътироф ва дастгирии ҷомеа, ин нерӯҳои қудратӣ метавонанд вазифаи муқаддаси таъмини адолат ва волоияти қонунро боз ҳам самараноктар ба анҷом расонанд. Ҳамин аст, ки арҷгузорӣ ба ин касб, ки дар роҳи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва рушди ҷомеа хизмат мекунанд, бояд ҳамеша идома ёбад.

 

И.В. Раиси суди ноҳияи

Синои шаҳри Душанбе

Амирзода Т.Р.