НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба беҳтарин афкору андешаҳои башарӣ ва тамаддуни пешрафта, таҷрибаи давлатҳои демократӣ такя намуда, самти сохтани давлатдории навинро пеша намуд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ дониста шуда, ҳифзи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, волоияти қонун ва риояи арзишҳои конститутсионӣ кафолат дода мешавад.

Дар ҳамин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали касби истиқлол бо ҷонибдорӣ аз ғояи давлати демократию ҳуқуқбунёд, тарафдори ҳарчи зудтар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи кишвари  соҳибистиқлол ва дар он инъикос намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди минбаъдаи давлатдорӣ буданд.

Роҳбари давлат, ки зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия роҳбари Комиссияи конститутсиониро оид ба таҳияи Конститутсия ба зимма доштанд, барои он ки ин санади олии ҳуқуқӣ бо дарназардошти принсипҳои умумиэъ­тироф­­шудаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таҳия шуда, дар худ иродаи тамоми мардуми кишварро ифода намояд, саҳми беандоза гузоштанд.

Бо шарофати роҳнамоӣ ва дастгирии Роҳбари давлат дар Конститутсия муҳимтарин падидаҳои демократӣ, аз қабили асос­ҳои сохтори конститутсионӣ, шакли идоракунӣ, арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷ­ро­ия ва судӣ, инчунин дигар падидаҳои муҳим инъикос гардидаанд, ки ба ташаккули рукнҳои давлатдорӣ ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Ғояи муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ки мафҳуми давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бар он асос ёфтааст, ин волоияти қонун дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад ва муқаррароти мазкур дар сатҳи Конститутсия сабт гардида, нисбат ба санадҳои меъёрии дигар паҳн мешавад.

Бо пазируфта шудани санадҳои муҳимми универсалии байнал­ми­лалӣ аз ҷониби Тоҷикистон, дар Конститут­сияи кишвар арзиш­ҳои муқад­да­си инсонӣ, ба монан­ди ҳуқуқу озодиҳо арзиши олӣ эътироф шуда, ҳаёт, қадр, номус, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлно­пазир эълон гардида, тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла судӣ ҷиҳати риоя ва ҳифзи ин арзишҳои инсонӣ вазифадор гардидаанд ва ин бешубҳа яке аз принсипҳои муҳимми низоми давлатдории демократӣ мебошад.

Бо қабули Конститутсияи нав Тоҷикистон ба зинаи нави инкишофи де­мок­ратии ҷомеа дохил гардида, дигаргуниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, рӯйи кор омаданд, ки ба ташак­кули муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ оварда расонид.

Пазируфта шудааст, ки дар давлати демократӣ ва бар пояи ҳуқуқасосёфта муноси­бат­ҳои ҷамъиятӣ дар асоси принсип, арзиш ва меъёр­ҳои ҳуқуқӣ рушд карда, ба ниҳоде, ки волоияти ҳуқуқ ва озо­ди­ҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин, риоя ва ҳифз менамоянд, бахусус ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Президенти кишвар ҳанӯз 31-уми майи соли 2002 зимни суханрониашон дар машварат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо иброз доштанд, ки: «Имрӯз барои ҷамъият ҳимояи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан нерӯманд ва дахлнопазир бошад».

Дар ин ҷода Роҳбарияти олии сиёсии кишвар барои рушду ташаккули ҳокимияти судӣ, беҳтар гардони­дани шароити моддиву маишии онҳо ва тарбияи мутахассисони соҳибкасби ин соҳа бо дарназардошти ар­зишҳои ахлоқиву маънавӣ, худогоҳиву инсондӯстӣ ва эҳтироми қадру ман­залати инсонӣ корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.

Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими раванди демократи­кунонии ҷомеа ва дар ин ҷода таҳкими ҳокимияти судӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва ислоҳоти бунёдии судию ҳуқуқӣ оғоз гардид.

Бо ташаббуси Роҳбари давлат баҳри таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар давраҳои гуногун барномаҳои мушаххаси исло­ҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки дар инкишоф ва таҳкими ҳокимияти судӣ, бароҳмонии адолати судӣ ва демократи­кунонии ҳаёти ҷомеа нақши ар­занда бозиданд.

Дар ин замина бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2011, 2015 ва 2019 чор барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқӣ барои давраҳои муайян қабул гардиданд, ки онҳо муайянкунандаи рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва арзишҳои демократии ҷомеа ба шумор мераванд.

Дар заминаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонун­ҳои муҳимми танзимкунандаи фаъолияти низоми судии мамлакат қабул гардиданд, ки барои таҳки­ми минбаъдаи пояҳои ҳокимияти судӣ манфиатбахш мебошанд.

Чунончи, қабули як зумра қонуну кодексҳои нав, аз қабили қонун­ҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутси­онии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ко­дексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқ­тисодӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкон дод, ки фаъолияти ма­қо­моти судӣ бо дарназардошти принсипҳои муҳимтарини пазируфташудаи ин соҳа, аз қабили адолат, қонуният, мустақилияти судяҳо, татбиқи адолати судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо, ошкоро будани му­ҳо­кимаи судӣ, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ ва дигар принсипҳо, ки ба эҳти­роми шаъну шарафи шахс ва дахлнопазирии шахсият асос меёбанд, таҳким ёфта, вази­фа­ҳои асосии мурофиаҳои судии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқти­содӣ ва маъмурӣ дуруст ва саривақт таъмин карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъа­лаҳои рушди низоми судӣ ва омодагии касбии судяҳо, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, 16 ноябри соли 2013 зимни суханро­нии худ дар маросими Савгандёдкунӣ дар ҷаласаи якҷояи Малиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз ҷумла иброз доштанд, ки «тибқи меъёрҳои конститутсионӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, фаъолияти озодонаи шахс ва соз­мон­ҳои ҷамъиятӣ, мавҷудияти шаклҳои гуно­гу­ни моликият ва волоияти қонун тақвият дода шуда, ҳокимияти судӣ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд».

Дар ин ҷода давра ба давра маҷмуи чорабиниҳои муҳим дар ин самт амалӣ карда шуданд, ки ба рушду такомул ва тақвият ёфтани ҳокимияти судӣ нақши арзанда мегузоранд.

Зимнан, ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва ҳаёти ҷамъиятиро аз ҳама гуна халалдоршавӣ ҳифз намуда, адолати судиро ба амал мебарорад.

Бо эътирофи он, ки танҳо суди мустақил имкон дорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок ҳифз намояд, принсипи мустақилияти судҳо ҳамчун механизми асосии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи Конститутсия ва қонунҳо инъикос карда шуд.

Ҳамин аст, ки принсипи кафолати мустақилияти ҳокимияти судӣ дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, татбиқи минбаъдаи амалишавии меъёри мазкур ва дар заминаи он ислоҳоти судии солҳои охир гузаронидашуда барои тақвияти мақомоти судӣ ва ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ, ҳамчун баамалбаро­рандаи адолати судӣ мусоидат намуд.

Масоили вобаста ба мақоми мустақили судя, аз ҷониби Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба он таваҷ­ҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, ки аз ин санадҳои байналмилалии қабулшуда шаҳодат медиҳанд.

Ҳокимияти судӣ чун ҷузъи муҳимтарини ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти зинаи муосири инкишофи конститутсионӣ-ҳуқуқии низоми адолати судӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатдории кишвар аз аҳамияти махсус бархӯрдор аст, зеро аз фаъолияти самараноки он амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳифзи онҳо вобастагӣ дорад, ки ин омил баҳри болоравии обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар шароити муосир ҳокимияти судии мамлакат, ҳамчун як рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ дар доираи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо салоҳияти худро амалӣ намуда, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи музаф­фарият­ҳои даврони соҳибистиқлолӣ доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Яъне, дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи ҳокимия­ти судӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза, бо маром идома ёфтани ислоҳоти низоми судӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ боиси он гардид, ки ҳоки­ми­яти судӣ дар кишвар ташаккул ёфта, боварии аҳолӣ ба ин ниҳоди ҳоки­ми­яти давлатӣ рӯз аз рӯз меафзояд ва ин омил барои таъмини амалишавии ҳуқуқи консти­тут­сио­нии ҳар як шахс ба кафолати ҳифзи судӣ мусоидат мекунад.

Бешубҳа, имрӯз нақши ҳокимияти судӣ дар рушди дав­лати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсио­нии ҳар шахс ва ҳимояи манфиатҳои давлат босазо буда, ҳокимияти судӣ рисолати аслии худро баҳри таъмини адолати иҷти­моӣ ва таҳкими адолати судӣ иҷро менамояд.

Имрӯз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат сармашқи кории ҳар як судя ва машваратчии халқӣ, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб карда машаванд, қарор гирифта, барои риоя ва амалишавии онҳо ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ин барои рушди муътадили низоми ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақши суд чун рамзи адолат дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат муҳим мебошад.

Судяҳо тамоми малакаву дониш ва қобилияту касбияти худро баҳри софдилона баамалбарории адолати судӣ равона намуда, иҷрои вазифаҳои касбии худро дар мадди аввал мегузоранд ва шаъну шарафи шахсии судягиро нигоҳ медоранд, ки ин омил барои торафт афзудани боварӣ ба судҳо ва низоми судии мамлакат мусоидат мекунад.

Судяи Суди ноҳияи Синои 

шаҳри Душанбе

Зарифзода Б.З.