Наврӯз — мероси куҳани тамаддун ва ҷашни байналмилалии башарият

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои тамаддуни инсонӣ буда, таърихи он ба ҳазорсолаҳои пеш бармегардад. Ин ид дар байни халқҳои ориёитабор ҳамчун рамзи оғози баҳор, эҳёи табиат ва нав шудани зиндагӣ пайдо шудааст. Дар давраҳои қадим, вақте ки зиндагии инсон бештар ба табиат ва кишоварзӣ вобаста буд, фаро расидани баҳор аҳамияти бузурги ҳаётӣ дошт. Аз ҳамин сабаб, рӯзи баробар шудани шабу рӯз — эътидоли баҳорӣ — ҳамчун оғози соли нав ҷашн гирифта мешуд ва онро Наврӯз, яъне «рӯзи нав» меномиданд. Дар тӯли асрҳо Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни табиат, балки ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанг, анъана ва ҷаҳонбинии халқҳои гуногун ташаккул ёфтаст. Ин ҷашн мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, покизагӣ ва навсозии маънавӣ даъват мекунад. Пеш аз фаро расидани ид одамон хона ва муҳити зиндагии худро тоза мекунанд, бо ҳамдигар оштӣ мешаванд ва ба пешвози баҳори нав омода мегарданд. Ин анъанаҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз танҳо як ид нест, балки мактаби ахлоқ ва фарҳанги инсонпарварист.

Бо гузашти вақт, аҳамияти Наврӯз аз доираи як минтақа берун рафта, ба мероси муштараки бисёр халқҳои ҷаҳон табдил ёфт. Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, Қафқоз ва баъзе минтақаҳои дигар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Қадами муҳим дар роҳи эътирофи байналмилалии ин ҷашни бостонӣ қабули он дар сатҳи созмонҳои ҷаҳонӣ мебошад. Соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуда, 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард. Ин иқдом аҳамияти бузурги фарҳангӣ дошт, зеро он нишон дод, ки Наврӯз на танҳо мероси як миллат, балки арзиши умумибашарӣ мебошад. Пештар низ, соли 2009, Наврӯз ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардида буд. Дар раванди муаррифӣ ва эҳёи Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хеле назаррас аст. Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ҳамчун арзиши бузурги фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки Наврӯз рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо мебошад ва метавонад воситаи муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳо гардад.  Бо дастгирии давлат ва роҳбарияти кишвар имрӯз Наврӯз дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад. Барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷамъомадҳои идона рӯҳи ҳамбастагӣ ва ифтихори миллиро дар ҷомеа тақвият мебахшанд. Ҳамзамон, тавассути чунин чорабиниҳои фарҳанги ғании тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.

Имрӯз Наврӯз ҳамчун ҷашни дӯстӣ ва ҳамдилии халқҳо шинохта шудааст. Он мардумони гуногун миллатро ба арзишҳои умумии инсонӣ — сулҳ, эҳтироми табиат, покизагии маънавӣ ва зиндагии осоишта даъват мекунад. Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ёдгории таърихӣ, балки пули пайвандгари гузашта, имрӯз ва ояндаи тамаддуни башарӣ мебошад.

Корманди дастгоҳи  суди

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:                                    Раҷабзода Дилшод