Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”
Бо ташаббуси роҳбарияти Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Суди ноҳия омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба роҳ монда шуда ва нуқтаҳои асосоии қонуни мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.Дар рафти чорабинӣ судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номзадӣ илмҳои ҳуқуқшиносӣ дотсенти кафедраи ҳуқуқи конситутсионии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Раҳмон Д.С. оид ба аҳамияти ин қонун, нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки ватандӯстӣ яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, давлатдорӣ, рамзҳои миллӣ ва қонунгузории кишвар вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар ин замина, қонуни мазкур барои таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Ҳамзамон, зимни чорабинӣ миёни кормандон ва судяҳо мубодилаи афкор, таҳлили ҳуқуқӣ, саволу ҷавоб ва баррасии паҳлуҳои муҳими қонуни мазкур сурат гирифта, иштирокчиён ба муҳтавои қонун баҳои баланди ҳуқуқӣ доданд.Таъкид карда шуд, ки чунин чорабиниҳо дар роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими эҳсоси масъулиятшиносии шаҳрвандон нақши муассир дошта, минбаъд низ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома хоҳанд ёфт. Дар фарҷом иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин ҳамоишҳои маърифатиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Суди ноҳияи Сино 


