Омилҳои ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва роҳҳои коҳиш додани он “таҷрибаи судӣ”

 

Дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, масъалаи пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он ки ноболиғон ояндаи миллат мебошанд, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ҳамзамон пешгирии рафтори зиддиқонунии онҳо вазифаи муҳими тамоми ниҳодҳои давлатӣ, бахусус ҳокимияти судӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноболиғон барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар доираи муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қонунгузорӣ хусусиятҳои синну солӣ, сатҳи рушди равонӣ ва дигар ҳолатҳои сабуккунандаро ба инобат гирифта, нисбат ба ноболиғон муносибати башардӯстона ва тарбиявиро пешбинӣ менамояд. Ҳангоми баррасии парвандаҳо вобаста ба ноболиғон, судҳо пеш аз ҳама ба ислоҳ ва тарбияи онҳо аҳамият медиҳанд. Ин принсип аз меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ сарчашма мегирад. Аз ҷумла, татбиқи ҷазо бояд бо назардошти эҳтимоли ислоҳи ноболиғ ва баргардонидани ӯ ба ҳаёти муқаррарии ҷамъиятӣ сурат гирад. Дар ин замина, чораҳои алтернативии ҷазо, аз қабили огоҳӣ, супоридани ноболиғ ба назорати волидон, ҷалб намудан ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва дигар тадбирҳои тарбиявӣ васеъ истифода мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои 2025–2026 масъалаи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ҳамоно аҳамияти ҷиддӣ дорад. Гарчанде дар баъзе минтақаҳо коҳиш ба назар мерасад, аммо ҳолатҳои содир намудани дуздӣ, авбошӣ, истифодаи зӯроварӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ҳанӯз ҳам ба қайд гирифта мешаванд. Дар аксари ҳолатҳо, сабабҳои асосӣ ҳамон омилҳои маълуми иҷтимоӣ, оилавӣ ва равонӣ мебошанд: назорати нокифояи волидо, таъсири муҳити манфии иҷтимоӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ. Ин омор зарурати тақвияти чораҳои пешгирикунандаро боз ҳам бештар нишон медиҳад. Нақши ҳокимияти судӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ ноболиғон басо муҳим арзёби мегардад. Ҳокимияти судӣ на танҳо мақоми татбиқкунандаи адолати судӣ, балки як ниҳоди муҳими пешгирикунандаи ҷинояткорӣ низ мебошад. Нақши суд дар ин самт дар чанд ҷанба зоҳир мегардад: Аввалан, баррасии одилона ва саривақтии парвандаҳо. Суд бо баррасии шаффоф ва асосноки парвандаҳо на танҳо адолатро таъмин мекунад, балки таъсири тарбиявӣ низ мерасонад. Сониян, татбиқи ҷазоҳои одилона ва мутаносиб. Ин имкон медиҳад, ки ноболиғ хатои худро дарк намуда, ба роҳи дуруст баргардад. Сеюм, ошкор намудани сабаб ва шароити содиршавии ҷиноят. Судҳо дар қарорҳои худ метавонанд ба мақомот ва муассисаҳо пешниҳодҳо ирсол намоянд, то омилҳои мусоидаткунандаи ҷиноят бартараф карда шаванд. Дар баробари баррасии парвандаҳо, судҳо дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ низ саҳми назаррас доранд. Баромадҳои судяҳо дар муассисаҳои таълимӣ, вохӯриҳо бо ҷавонон ва аҳолӣ, инчунин шарҳи қонунгузорӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд. Чунин чорабиниҳо ба ноболиғон имкон медиҳанд, ки оқибатҳои ҳуқуқии рафтори худро дарк намуда, аз содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.

Яке аз шаклҳои самараноки фаъолияти пешгирикунанда ин баргузории судҳои сайёр мебошад. Судҳои сайёр имкон медиҳанд, ки баррасии парвандаҳо мустақиман дар ҷойҳои кор, таҳсил ё истиқомати шаҳрвандон баргузор гардад. Аҳамияти судҳои сайёр дар он зоҳир мегардад, ки: аҳолӣ бевосита раванди судиро мушоҳида мекунад; таъсири тарбиявӣ ва пешгирикунанда зиёд мегардад, сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд мешавад. Махсусан, баргузории судҳои сайёр дар муассисаҳои таълимӣ метавонад ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон таъсири мусбати ҷиддӣ расонад. Дар маҷмӯъ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон танҳо бо роҳи татбиқи ҷазо имконнопазир аст. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои устувор, зарур аст, ки чораҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявӣ дар ҳамбастагӣ амалӣ карда шаванд. Ҳокимияти судӣ дар ин раванд нақши калидӣ дошта, тавассути таъмини адолати суди, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва истифодаи шаклҳои муассири фаъолият, аз ҷумла судҳои сайёр, метавонад ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат намояд.
Судяи суди ноҳияи
Синои шҳари Душанбе: Юсуфзода З.Р.