ҚОНУНИ АСОСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Конститутсия қонуни асоси ва пояи устувори сохтори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҳар давлат ба ҳисоб меравад. Он санади муҳиме мебошад, ки самти рушд, тарзи идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва муносибати байни давлату ҷомеаро муайян месозад. Бе Конститутсия давлат наметавонад фаъолияти ҳуқуқбунёд ва устувори худро пеш барад, зеро маҳз ин санад асоси тамоми қонунҳо ва низомҳои давлатӣ мебошад.
Конститутсия худ калимаи лотинӣ буда, маънои “муайян намудан”, “муқаррар кардан”-ро дошта, қонуни асосӣ, сарқонун (ё маҷмӯи қонунҳои моҳиятан муҳим)-и давлатаст, ки нерӯи волои ҳуқуқиро доро буда, низоми сиёсӣ ва иқтисодии онро танзим намуда, принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, маъмурӣ, суд, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар менамояд.
Аввалин конститутсияҳои навин дар асрҳои XVII-XIX дар кишварҳои пашрафтаи ҷаҳон, ба мисли Иёлоти Муттаҳидаи Америка (1787) ва Фаронса (1791) қабул гардиданд. Онҳо ҳамчун рамзи гузариш аз ҳокимияти мутлақа ба ҳокимияти қонунӣ, демократия ва ҳуқуқи инсон эътироф гардиданд. Аз ҳамон давра сар карда, конститутсияҳо ба рамзи озодӣ, адолат ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон табдил ёфтанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, аввалин санадҳои конститутсионӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ амал мекарданд. Бо вуҷуди ин, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9-уми сенятбри соли 1991 зарурати таҳияи Конститутсияи миллӣ худамон ба миён омад, зеро давлат ба пояи нави сиёсию ҳуқуқӣ қадам гузошт. Барои таҳия ва қабули Конститутсияи нав Комиссияи махсус барои таҳияи лоиҳаи қонун таъсис гардида, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуд. Натиҷаи заҳмати ин комиссия боиси омода шудани лоиҳаи Конститутсия гардид, ки пас аз муҳокимаи умумихалқӣ дар рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад. Дар он сохтори давлат, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, уҳдадориҳои шаҳрвандон ва принсипҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар муфассал баён ёфтааст.
Конститутсияи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, кафолати амалӣ гардидани онро аз ҷониби давлат таъмин менамояд. Он ҳокимияти халқро эътироф мекунад ва мегӯяд, ки “Мардум соҳиби ҳокимият ва ягона манбаи он мебошад”. Бо гузаштани вақт ва тағйир ёфтани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, ба Конститутсия якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд:
Соли 1999-барои таҳкими ҳокимияти қонун ва густариши ҳуқуқӣ шаҳрвандон;
Соли 2003-барои таҳкими пояҳои давлатдории милли буд, ин тағйирот имконият дод, ки қонунгузорӣ ва сохтори идоракунӣ мувофиқи талаботи замон такмил ёбад;
Соли 2016-бо мақсади мутобиқсозии Конститутсия ба талаботи замони муосир, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар.
Ин ислоҳот нишон медиҳанд, ки Конститутсия санади зинда ва тағйирёбанда аст, ки бояд бо ҳаёт ва эҳтиёҷоти ҷомеа қадам ба қадам ҳамқадам бошад. Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳ ва истиқлолият мебошад. Маҳз дар асоси он сохтори давлат мустаҳкам, ҳокимияти қонун таъмин ва ҳуқуқи инсон кафолат дода мешавад. Қабули Конститутсия ба мардуми тоҷик имконият дод, ки ҷомеаи нав-ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва инсонмеҳварро бунёд намояд. Ҳар як шаҳрванд бояд ин санадро шиносад, эҳтиром кунад ва ба иҷрои талаботи он содиқ бошад, зеро Конститутсия кафили озодӣ, адолат ва рушди давлат мебошад.
Қабули Конститутсия дар даврони пас аз ҷанги шаҳрвандӣ нақши калидӣ дар барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ бозид. Маҳз тавассути он ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз миллат, забон ё мазҳаб баробар эътироф шуданд. Мардумро ба ҳам овард, ба сулҳ даъват кард ва роҳи ҳамзистии оромона ва эҳтиром ба якдигарро нишон дод.
Конститутсия ба мо фахр ва ифтихор бахшид, ки мо миллати соҳибдавлату соҳибқонун ҳастем. Ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки бо ифтихор зери парчами давлатӣ, бо забони модарӣ ва дар Ватани соҳибистиқлоли азизамон зиндагӣ намоянд. Он рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад.
6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санаи таърихӣ, балки рӯзи ифтихори миллӣ аст, ки мардум ин рӯзро бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва садоқат ба Қонуни асосии кишвар-рамзи давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ-таҷлил менамоянд.
Ин санаи фархунда муборак, ҳамдиёрони азиз!
Котиби суди ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе
Ҳакимзода Ш.С.
Суди ноҳияи Сино 