«Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷики ватандӯсти бонангу номус мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бошукӯҳ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.

Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.

Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.

Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.

Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Қаблан рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар Низомномаҳои махсус, ки аз ҷониби Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шуда буданд, ифода ёфта буданд.

Баъдан 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он моҳият ва низоми истифодаи расмии рамзҳои давлатӣ дар якҷоягӣ муқаррар шуданд.

Дар тӯли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла: «Байрақ», «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дирафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар Қонуни асосии кишвар (моддаи 3) дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он ба мафҳуми зебои тоҷикӣ «Парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад.

Эҳтироми волои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ чунин муносибатро ба роҳ мондан зарур аст, ки нисбати онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ нишона ва аломатҳои муҳими соҳибдавлатию соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯю эътибор, шаъну шарафи давлати соҳибистиқлоли кишварамон буда, онҳо на танҳо барои сокинони кишвар воқеан ҳам азизу гиромианд, балки барои ҳамватанону форсизабонони бурунмарзӣ низ боиси ифтихору шодӣ мебошад.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои ҳокимияти давлатӣ муққадасу гиромӣ буда, таҳқир кардани онҳо, аз ҷумла дарондан, ифода намудани ҳар гуна навиштаҷотҳо ва сурату аксҳои таҳқиромез ва ғайраҳо анҷом дода шудаанд, ё қасдан нобуд карда мешаванд, ҳамчун кирдори ҷиноятӣ, оқибати ҷавобгарӣ ва ҷазоро ба миён меоранд. Аз ин рӯ, қонунгузор барои содир намудани чунин кирдорҳо дар моддаи 342-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намудааст, ки объекти он обрӯ ва эътибори давлати Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари хирадманди он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол иттилоъ медиҳад.

Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад.

 

Судяи суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Назарзода Н.О.