ПАРЧАМИ МИЛЛАТ!!!

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳандӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами худ муарифӣ мегардад. Аз ин рӯ эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам ин маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои гузаштаи таърихию фарҳангии миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 дар Тоҷикистон Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе бо ташабуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1.500 метр ва  бараш 7-метр гузаронида шуд ва дар тамоми вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, ин рӯз ҳамчун рӯзи парчам ҷашн гирифта шуд. Мо мардуми Тоҷикистон таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва парчами миллӣ буд, ки ваҳдату ягонии моро боз ҳам мустаҳкам намуд. Аз ин рӯ ҳамасола рӯзи 24-ноябри ҳамчун рӯзи парчам ҷашн гирифта мешавад.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли парчам, нишон, суруди миллӣ, мӯҳри давлатӣ ва ғайра. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд.

Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро “Дирафши Ковиёнӣ” номид. “Дирафш” аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рушноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.

Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Сурурди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи худ ва аз номи тамоми ҳамкасбонам халқи Тоҷикистонро ба ин рӯзи парчам табрик гуфта, таманои онро дорам, ки ҳамеша парчами Тоҷикистон болои сари мардуми тоҷик парафшон бошад.!

 

 

 

Судяи суди ноҳияи

Синои шаҳри Душанбе                                             Файзуллозода С.М.