РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ -ҚАДАМ БА УСТУВОРИИ ТАШАББУСКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май аз тарафи Маҷмаи умум
ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳбуди саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардуми сайёра бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғул ҳастанд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз, ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзе кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовути иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд». Бо назардошти ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон карда шавад. Пешниҳоди навбатии ҷаҳонии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар иртибот ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат ҳамовозии гарм пайдо намуда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ин муносибат ҳамоиш ва роҳпаймоиҳо баргузор шуданд.
ии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол муқаррар гардида, дар рӯйхати рӯзҳо ва ҳафтаҳои байналмилалии ин созмони бонуфуз ҷой дода шуд. Кишвари азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пешоҳанг ва ташаббускор шинохта шудааст, зеро ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазироӣ ва амалӣ карда мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Футбол аз навъҳои оммавитар
ини варзиш эътироф гардида, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, минҷумла дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба футбол, бешубҳа, аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар миллат гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстдоштатарини оммаи васеъ буда, механизми муҳим баҳри инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, хусусан миёни наврасон ва ҷавонон, инчунин ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ба шумор меравад. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муроҷиат ба Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла иброз намуданд: «Варзиш дар ҳаёти инсоният азҲамин тариқ, 7 майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-ум пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта, вобаста ба он қатъномаи A/RES/78/281 қабул намуд. Дар қатънома аҳаммияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз баргузор намудани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид гардидааст. Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ барои рушди навъҳои гуногуни варзиш ва пешбурди тарзи ҳаёти солим таҷлили якчанд санаи байналмилалӣ муқаррар шудааст. Чунончи, 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш барои сулҳ ва рушд, 3 июн Рӯзи ҷаҳонии велосипед, 21 июн Рӯзи байналмилалии йога, 20 июл Рўзи байналмилалии шоҳмот, 21 декабр Рӯзи байналмилалии баскетбол ва амсоли инҳо. Якчанд рӯзи иди байналмилалӣ мавҷуданд, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардида, расман дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, 26 апрел Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, 15 май Рўзи байналмилалии оила, 6 июл Рўзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия, 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон, 18 декабр Рўзи байналмилалии муҳоҷирон ва ғайра. Вобаста ба ин, Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидани 25 май барои мо боиси ифтихор ва сарбаланди мебошад. Моро зарур аст, ки ҷиҳати дар маҳал рушд додани футбол миёни аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи доимӣ дода, пайваста мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол роҳандозӣ намоем.
Судяи суди ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе: Файзуллозода С.Ҳ.